РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ДУШАНБЕ. Бахшида ба он ҳамоиши бошукуҳ доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар Амфитеатри «Аҳорун» ҳамоиши тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр, соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.


Ба даъватшудагоне, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим шуд. Барои иштирокдорони ҳамоиш машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш дода шуда, тибқи анъана бо ҳузури навдаъватшудагон маросими «Нонгазон» доир шуд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҳамин аст, ки сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд. Ҳамин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 426 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.
Дар қисмати фарҳангии барнома аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе омадааст, комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки маъракаи даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Ҳамчунин тибқи қарори мазкур, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидаанд, ки байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе


















Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад
«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид






