Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Тани мулоқот намуданд

Октябрь 6, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ  Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш, бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз муносибот дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Танӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан футбол ибрози назар намуда, иброз намуд, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамчунин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд хеле хуб ба роҳ монда шуда, мутахассисони тоҷик таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол ва тибқи талаботи муосир ташкил намудани мусобиқаҳо сайқал медиҳанд.

Сипас Созишномаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушд ва пешрафти футбол ба имзо расонида шуд.

Мулоқот дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 6, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд