Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро барои самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон вазифадор намуданд

Октябрь 11, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 октябр зимни баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти пойтахтро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар мавсими сармо  тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамзамон Раиси шаҳр дастур доданд, ки дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии босифат, барқ ва энергияи гармиро таъмин намоянд.

Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати омода намудани низоми энергетикии пойтахт барои хунукиҳои аз меъёр зиёд, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳоро ҷоннок намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулонро муваззаф намуданд, ки баҳри фаровонии бозорҳои пойтахт ва бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонидани маҳсулот, ҷиҳати захира намудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корбарӣ бо ҳама сохторҳо ва хоҷагиҳои дигар шаҳру ноҳияҳоро тақвият бахшанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 11, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид