Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро барои самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон вазифадор намуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 октябр зимни баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти пойтахтро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар мавсими сармо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳамзамон Раиси шаҳр дастур доданд, ки дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии босифат, барқ ва энергияи гармиро таъмин намоянд.
Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати омода намудани низоми энергетикии пойтахт барои хунукиҳои аз меъёр зиёд, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳоро ҷоннок намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулонро муваззаф намуданд, ки баҳри фаровонии бозорҳои пойтахт ва бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонидани маҳсулот, ҷиҳати захира намудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корбарӣ бо ҳама сохторҳо ва хоҷагиҳои дигар шаҳру ноҳияҳоро тақвият бахшанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






