Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд

Октябрь 26, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амниятии озуқаворӣ таъсис дода шудааст.

Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ду-се ҳосил ба даст оварда, дар баробари таъмини сокинони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозори истеъмолии пойтахтро низ таъмин менамоянд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» 1 гектарро ташкил намуда, аллакай кишти тирамоҳии ғалла ва макка барои дон гузаронида шудааст. Инчунин меҳнаткашон ҳамасола аз замин намудҳои гуногуни сабзавотро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод менамоянд.

Хоҷагӣ аз ҷониби сокини ноҳия Ҳосила Хоҷамқулова таъсис дода шуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани чанд ҳосил саҳмдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳа ва кишоварзонро ҷиҳати истифодаи муфид аз боду ҳавои мусоид ва сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳӣ вазифадор намуданд.

Хоҷагидорон бо дарки он ки истифодаи мақсадноки замин боиси беҳтаршавии сатҳи зиндагии онҳо мегардад, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи мамлакат пайи заҳмати созанда мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо нашъунамои зироат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар қитъа, таъмини фаровонӣ ва дар ҳамин замина расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самараи меҳнати кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Дар айни замон майдони умумии заминҳои корам дар ноҳияи Рӯдакӣ 19 138 гектарро ташкил медиҳад. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариши зироат имкон фароҳам овард, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.

Дар намоишгоҳ деҳқонон дастовардҳои худро дар шаклҳои хеле ҷолибу диданӣ, аз қабили манораҳо аз меваву сабзавот ва ғаладонагиҳо пешниҳод намуда буданд.

Намоишгоҳи мазкур баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи бойи сокинони заҳматқарини ноҳия дар самти истифодаи замин буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои  намоишгоҳ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба гардиши кишоварзӣ давровардани заминҳои бекорхобида, захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин баробар таъмини бозорҳои мамлакат бо маводи ғизоии баландсифат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону роҳбарони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими зимистон, захираи маводи озуқа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Ҳосила” ва намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ 26.10.2023

Октябрь 26, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд