Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Бояд ёдовар шуд, ки аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Мо ифтихор дорем, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд ва дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоёнро анҷом дод. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам ё фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз намудаанд ё ба онҳо ҳамкории доимӣ дошта, бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд».
Эмомалӣ Раҳмон, марти соли 2012
Нашрияи «Ҷумҳурият» аз 23 октябри соли равон сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вилояти Хатлон муфассал инъикос намуда, дар он оид ба мавриди истифода қарор додани зеристгоҳҳои барқии Восеъ ва Рӯдакӣ, ифтитоҳи бинои Маркази ҷавонон, муассисаи томактабии «Офтобак», бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 дар деҳаи Охҷар, ба истифода дода шудани роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ба масофаи 60 километр, баҳри фароғати сокинони деҳот кушода шудани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар масоҳати 1,2 гектар, оғози фаъолияти Пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Тосқалъа хабару гузоришҳо пешниҳоди хонандагон шудаанд.
Бояд махсус таъкид намуд, ки ҳама иншооти бахши маориф, энергетика, обёрӣ, хизматрасонӣ бо супоришҳои Сарвари давлат баҳри сазовору шоиста ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки ҳадафи асосӣ боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагӣ дар деҳоти мамлакат мебошад. Чунончӣ, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Восеъ дар доираи ҳадафи навбатии стратегии мамлакат: саноатикунонии босуръат бунёд шудааст, ки ҳамзамон аҳолиро бо неруи барқ таъмин месозад, сабаби ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат мегардад. Аз зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и Рӯдакӣ ва хатти интиқоли барқи 110 кВ-и Восеъ – Рӯдакӣ, ки бо ҳузури Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт, 25 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Рӯдакӣ ва 200 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Восеъ истифода мебаранд.
Дар ҳар сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳо хатман муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ифтитоҳ меёбанд, ки идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бунёду навсозии мактабҳо дар деҳоти мамлакат барои беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, тарбияи хонандагон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Қабули «Стратегияи миллии рушди маориф» ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» бозгӯи сиёсати маорифпарварони Пешвои миллат мебошад.
Дар баробари бунёди иншооти бахши маориф навсозии роҳҳои мошингард низ шоистаи таҳсин мебошад. Дарозии роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт 60 километрро ташкил дода, паҳноии он аз 7 то 12 метр мебошад. Дар ин масир 76 лӯлаи обгузар хобонда, ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, пойдеворҳои муҳофизатӣ ва 5 пули мошингузар бунёд шуданд. Мавриди исифода қарор додани ин роҳ ба рушди деҳот дар ҳама бахшҳо: кишоварзӣ, боғдорӣ, хизматрасонӣ, сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад.
Пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бунёд шуда, барои сокинони маҳаллӣ дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад, зеро бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот мушкилоти чандинсолаи сокинон аз байн рафт.
Айнан чунин ободкориҳо дар ноҳияи Муъминобод анҷом дода шуданд. Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат қадами ҷиддӣ дар роҳи рушду нумӯи ҳама минтақаҳои Тоҷикистони азиз мебошад. Аз ҳар сафар то сафари дигар роҳҳо таъмир мешаванд, кӯчаҳо чароғон мегарданд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, бахши мактабу маориф ва тандурустӣ соҳиби иншооти нав мегарданд, барои ҷавонону сокинон марказҳои фарҳангиву хизматрасонӣ, боғҳои истироҳатӣ, майдонҳои варзишӣ ифтитоҳ меёбанд. Месазад, ки ин ҳама ободкориҳо мавзуи доимии матбуоти даврӣ бошанд.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ва «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ» баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Дар назар дошта шудааст, ки зимни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум масъалаҳои гуфташуда барои муҳокима ва қабул намудани қарори марбута ба вакилон пешниҳод мешаванд. Дар ҳамин ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои додани хулоса ба кумитаҳои палатаи поёнии парлумон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.
Нашрия ҳамчунин дар бораи баргузор шудани ҷаласа таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон гузориши муфассал чоп намудааст. Иттилоъ дода шудааст, ки аъзои кумита 31 масъала, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» маводи таҳлилиро оид ба дастовардҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла бунёди биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон бо сарлавҳаи «Бадахшон дар масири пешрафту ободӣ» нашр намудааст. Нашрия аз шиносоии кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Баҳор», сафари фаъолони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва намоядагони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», мулоқоту суҳбати онҳо бо сохтмончиёни иншооти миллии аср ва паҳлуҳои дигари фаъолияти ҳизбӣ хабару гузоришҳо пешкаши хонандагон намудааст.
А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»