СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Саноатчиёни вилояти Хатлон ба андозаи қариб 8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Тоҷикистон саноатчиёни вилояти Хатлон бо истифода аз имконияти мавҷуда имсол ба андозаи қариб 8 миллиард сомонӣ (7 миллиарду 983,6 миллион сомонӣ) маҳсулот истеҳсол намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 694,6 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 9 фоиз таъмин гардид. Корхонаҳои хӯроквории шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷо бо бахши хусусӣ соли равон беш аз 1,1 миллиард сомонӣ, баробар ба 114,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба маблағи 148,4 миллион сомонӣ таъмин намуданд. Мувофиқи омори расмӣ, дар ин давра корхонаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва чарму пойафзоли вилоят ба маблағи зиёда аз 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Инчунин дар ин давра аз 144 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 107 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 610 ҷойи кор ба истифода дода шуд. Самти корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, мусалласи ангур, макаронбарорӣ, маҳсулоти нониву қаннодӣ, маҳсулоти пластикӣ, филизӣ, хишти пухта, хишти роҳрав ва хишти қирӣ (сементӣ), собуни хоҷагӣ, моеъи зарфшӯӣ, симтӯр, коркарди пахта, мебелбарорӣ нигаронида шудааст.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бинобар барқарор намудани Корхонаи азотии шаҳри Левакант 764 ҷойи кор таъсис ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






