Ташаббуси «Тозагии ҳаво» дар шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки ихроҷи партовҳо аз воситаҳои нақлиёт камтар шавад
ДУШАНБЕ, 16.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера ва коҳиш додани партовҳои саноатию нақлиётӣ ҳамасола тадбирҳои экологӣ амалӣ менамояд. Махсусан амалӣ гардидани ташаббуси «Тозагии ҳаво» аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хеле манфиатбахш буда, чунин ибтикор имкон медиҳад, ки ихроҷи партовҳо аз воситаҳои нақлиёт ба шиддат кам шавад. Дар ин хусус котиби матбуоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Танҳо дар нуҳ моҳи имсол дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни гузаронидани санҷиш ва ташаббусҳои экологӣ бинобар сабаби зиёд будани ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера нисбат ба 455 ронандаи воситаҳои нақлиёт ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ шуданд.
Як воситаи нақлиёти автомобилӣ дар як рӯзи корӣ меъёри якҳафтаинаи истеъмоли оксигени як нафарро фурӯ бурда, дар як сол ин нишондиҳанда 5 тонна оксигенро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, як бех дарахти сафедор дар як шабонарӯз қобилияти ҳосил намудани 40 кг оксигенро дошта, ин рақам дар як сол 14,6 тонна оксигенро ташкил медиҳад. Муайян гардидааст, ки як одам дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 220 литр оксиген истеъмол менамояд.
Баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист, пок нигоҳ доштани ҳавои атмосфера ва коҳиш додани ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера ҳамасола бо қарори марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ нақшаи сабзкорӣ таҳия ва дар ин мавсим дарахтони ба муҳити табиии шаҳри Душанбе созгор дар минтақаҳои гуногун шинонида мешаванд. Дар қитъаҳои алоҳида гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва дар масоҳати муайяншуда сабзазор кишт мегардад.
Саидаҳмади Акрампур гуфт, ки дар такя ба ҳисоботи шуъбаи ободонӣ ва сабзазоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини сарсабзию шукуфоии гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт дар доираи талаботи агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор мутобиқ ба қарори марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ дар тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 265 185 бех ниҳоли ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда, буттагӣ ва 15 947 307 дона гул шинонида шуд.
Аз ин 7 214 631 дона гулҳои мавсимӣ, 3 031 759 дона гулҳои бисёрсола ва 5 700917 дона гули лола мебошанд.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Душанбе ҷиҳати боз ҳам сарсабзу шукуфон ва ободу озода намудани пойтахти мамлакат лоиҳаҳои зиёде амалӣ мегарданд, ки яке аз онҳо «Шаҳри сабз» мебошад.
Ҳамчунин бо мақсади амалишавии барномаи «Шаҳри сабз» ва беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии мамлакат, минҷумла пойтахт тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ба тасвиб расида, ҷиҳати татбиқи он қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Консепсияи ба низоми барқӣ гузаштани нақлиёти мусофирбари пойтахт барои солҳои 2023-2026” аз 5 июни соли 2023 мавриди амал қарор дода шуд.
Масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки барои беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе давоми солҳои 2021-2023 104 воситаи нақлиёти бо барқ ҳаракаткунанда (троллейбус) ва зиёда аз 700 кироякаши барқӣ (таксӣ) харидорӣ ва мавриди истифода қарор доранд.
Ҳоло дар пойтахт зиёда аз 85 ҳазор воситаи нақлиёт сабти ном шудааст, ки аз ин 623 адад автобус, 104 адад троллейбус, 1557 адад автобуси хурди мусофиркаш ва 4350 адад воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) мебошанд.
Дар доираи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто-Гурӯҳ»-и Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати бунёди корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 нақлиёт дар як сол ба маблағи 25 млн доллари ИМА шартнома ба имзо расид.
Дар доираи амалишавии чунин лоиҳаҳо ва тадбирҳои экологӣ, ки аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд, бешак, пойтахти соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе боз ҳам ободу зебо, шукуфон ва сарсабзу озодатар шуда, ҳавои он тозаву пуртароват мешавад.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе