Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

Октябрь 19, 2023 12:05

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар шаҳри Самарқанд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия  Гёкхан Язги мулоқот намуда, масъалаҳои  густариши ҳамкорӣ байни ду  давлат дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия дар самти хизматрасониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин масъалаҳои мусоидат дар ҷалби сармояи  Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат муҳокима шуданд.

Дар фарҷом мусоҳибон бо назардошти рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҷрибаи Туркия дар самти хизматрасонии баланд ва зарфияту имконияти фаровони Тоҷикистон фаъол намудани ҳамкории Тоҷикистон бо Туркияро дар бахшҳои сайёҳии солимгардонӣ, таърихӣ, варзишӣ, рафтинг ва корӣ хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад