Вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёт дар Душанбе ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 21, 2023 16:34

 ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт,  ҳамзамон пурзӯр намудани назорати раванди фаъолияти ронандагон дар шабакаи хатҳои сайр ва бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳти роҳбарии муовинони Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Фирдавс Саидзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбута ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, муаррифи фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёду сарбаланди мо, тоҷикон мебошад ва риоя намудани Маромномаи сокини пойтахт ва одоби шаҳрнишинӣ вазифаи авалиндараҷаи ҳар сокини шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки соҳаи нақлиёти мусофирбар яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок дар пойтахт ба ҳисоб меравад. Риояи фарҳанги миллӣ, бахусус одоби муошират, пӯшидани либоси ягонаи расмӣ, намои зоҳирӣ ва ҳамарӯза тозаю озода ба хатсайрҳо баровардани воситаҳои нақлиёт аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони ин соҳа ба ҳисоб рафта, иҷрои он қатъиян бояд риоя  шавад.

Баҳри бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе ба роҳбарони сохторҳои марбута ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки доир ба риоя намудани Маромномаи сокини пойтахт ва одоби шаҳрнишинӣ, аз қабили пӯшидани либоси ягонаи тасдиқгардида, одоби муошират, ҳолати санитарии воситаҳои нақлиёт пайваста бо ронандагон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт бояд пурзӯр гардонида шавад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 21, 2023 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд