Вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёт дар Душанбе ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт, ҳамзамон пурзӯр намудани назорати раванди фаъолияти ронандагон дар шабакаи хатҳои сайр ва бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳти роҳбарии муовинони Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Фирдавс Саидзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбута ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, муаррифи фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёду сарбаланди мо, тоҷикон мебошад ва риоя намудани Маромномаи сокини пойтахт ва одоби шаҳрнишинӣ вазифаи авалиндараҷаи ҳар сокини шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки соҳаи нақлиёти мусофирбар яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок дар пойтахт ба ҳисоб меравад. Риояи фарҳанги миллӣ, бахусус одоби муошират, пӯшидани либоси ягонаи расмӣ, намои зоҳирӣ ва ҳамарӯза тозаю озода ба хатсайрҳо баровардани воситаҳои нақлиёт аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони ин соҳа ба ҳисоб рафта, иҷрои он қатъиян бояд риоя шавад.
Баҳри бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе ба роҳбарони сохторҳои марбута ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки доир ба риоя намудани Маромномаи сокини пойтахт ва одоби шаҳрнишинӣ, аз қабили пӯшидани либоси ягонаи тасдиқгардида, одоби муошират, ҳолати санитарии воситаҳои нақлиёт пайваста бо ронандагон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт бояд пурзӯр гардонида шавад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






