ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Октябрь 2, 2023 12:12

ДУШАНБЕ, 02.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, ки  барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро маҳз Президенти мамлакат дар минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан намудаанд.

Таъкид шуд, ки ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расидаанд. Имрӯз оламиён ба он дастрасӣ пайдо намудаанд, ки ин ҳам мояи ифтихори ворисони ин тамаддуни қадимӣ ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.

­Ҳамзамон иброз гардид, ки забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассуми таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик ва сарвати бебаҳои он ба шумор меравад.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон маърузаҳои пурмазмуни хешро доир ба бақои забони миллӣ баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки соли равон аз қабули он 14 сол сипарӣ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2023 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд