ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАНӮЗ ДАР АСРИ Х МАҚОМИ ДАВЛАТӢ ГИРИФТА БУД. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ

Октябрь 5, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад, ки мақсади он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони миллӣ мебошад. Дар робита ба мақому манзалати забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун, рушду ҳифзи он дар раванди ҷаҳонишавӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Забони миллиро меҳвари худшиносии миллӣ арзёбӣ менамоянд. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Забони миллӣ ҳамчун забони умумии миллат дар натиҷаи раванди ташаккули миллат ба вуҷуд омада, ҳамзамон омилу шарти асосии арзи вуҷуд намудани миллат мебошад. Миллат чун умумияти таърихии одамон, пеш аз ҳама, бо мавҷудияти забони умумӣ, қаламрави умумӣ, ҳаёти иқтисодӣ, вижагиҳои равонӣ, ки дар умумияти фарҳангӣ таҷассум меёбад, тавсиф дода мешавад. Забони миллии тоҷикӣ — забони миллати тоҷик буда, тамоми соҳаҳои фаъолияти навишторӣ ва гуфтории одамон, новобаста аз сатҳи маърифату таҳсил, тарбия, макони зист, касбу корро фаро мегирад. Ба ибораи дигар, он тамоми гуногунрангии шаклҳои ифодаи забонии афкори миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Он маҷмуи калимот, шаклҳои гуногуни калимасозӣ, истифодаи онҳо дар забони зинда, хусусияти талаффузеро, ки мансуб ба миллати тоҷик аст, дар бар мегирад.

Забони миллӣ ҳамчун моликияти гаронарзиши халқ дар якчанд шакли зоҳиршавии худ вуҷуд дорад. Забони миллии мо шиносномаи миллат ва нишонагари ҷойи сукунати он мебошад. Ҳамин тавр, забони миллӣ мафҳуми иҷтимоӣ-таърихие аст, ки забони муоширати миллатро дар ду шакл- шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ифода менамояд. Аз ҷиҳати сохтори дохилии худ забони миллӣ меросбари забони халқият мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди забони миллӣ чунин изҳор доштаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

АМИТ «Ховар»: Забони тоҷикӣ асоси ҳастии миллат ба шумор меравад. Забон дар тӯли таърихи давлатдории тоҷикон чӣ гуна мақом дошт ва ҳофизаи таърихию фарҳангии миллати тоҷик тавассути он чӣ тавр нигоҳ дошта шудааст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Таърихи ташаккул ва такомули ҳар забон алоҳидаву нотакрор аст. Кӯшишҳои халқе, ки ҷомеаи миллиро ташкил менамоянд, барои доштани забони миллии аз дигар забонҳои миллӣ фарқкунанда марбут ба соҳаи ҳавову ҳавасҳое аст, ки бинобар сабабҳои объективии дорои табиати фарҳангӣ-таърихӣ, сиёсӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд оянд ҳам, аксар вақт ба таъсири тамоюлҳои субъективии арзишии мухолифи вазъияти забонии воқеӣ тобеъ мешаванд. Дар баробари ин, ҳар як забон дар шакли забони миллии вижа зуҳур намуда, дар он ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва хусусияти он таҷассум меёбанд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х ба худ мақоми давлатӣ гирифтааст. Ин падидаи таърихӣ бо давлатдории Сомониён марбут буда, маҳз дар ҳамин замон сатҳи баланди худшиносии амирони Сомонӣ, хусусан Исмоили Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ мақому мартабаи олиро соҳиб гардад. Дар ин давраи таърихӣ садҳо осори манзуму мансур иншо шуда, эътибори забони тоҷикиро боло бурданд ва онро давоми беш аз ҳазор сол забони дипломатия ва дорои нуфузи забони расмӣ намуданд. Дар тамоми Авруосиё бо ин забон муколамаву мукотиба доир шуда, дар давлату манотиқи гуногуни ин қаламрав мактабҳои бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ густариш пайдо намуданд.

Дар солҳои пеш аз истиқлолият забони тоҷикӣ ва истифода аз он, ҳамчунин табдирҳои мудирияти он дар сатҳи давлатӣ зарурати бунёд ва татбиқи сиёсати забонро ба вуҷуд овард, ки дар ҳошияи ин чорабиниҳо чандин маротиба табдили расмулхат, таҳия ва амалӣ намудани чорабинихои фарогири омӯзиши забони тоҷикӣ вобаста ба саводноккунии мардум, тарҳрезӣ ва ба роҳ мондани барномаҳои илмии омӯзиши забони тоҷикӣ, филологияи тоҷик доир шуда, саҳифаҳои таърихи миллатро дар давраи нав ва навтарин рангин намуданд.

АМИТ «Ховар»: Нақши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушд ва устувор гардидани рукни муҳимми миллат – забони тоҷикӣ чӣ гуна аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Албатта, барои рушди забони миллӣ маҳз истиқлолияти давлатӣ имконият медиҳад. Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, амсилаи муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз, дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.

Агар истиқлоли давлатӣ ғояи асосии манфиати миллӣ бошад, дар баробари он манфиатҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки асоси татбиқи самараноки истиқлол дар мамлакат ҳастанд. Манфиати миллӣ бо татбиқи сиёсати фарҳангсолорӣ ҳифз мешавад, ки меъмору илҳомбахши он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Он барои эҳё намудани хотираи таърихӣ ва устувор намудани пояҳои маънавии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар мамлакати мо заминаи воқеӣ гузоштааст. Ҳифзу густариши забони миллӣ дар шакли забони давлатӣ ба ин маънӣ яке аз асоситарин ҷузвҳои манфиати миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ имконияти бомуваффақият пушти сар намудани марҳалаи эҳё, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдориии миллии тоҷиконро дод, ки он дастоварди асосиву меҳварии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, мо нахустин дастоварди замони истиқлолро ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва ҳалқият эътироф шудани забони тоҷикӣ мешиносем, ки тавассути он мо забони тоҷикиро аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллӣ медонем.

Муҳимтарин дастоварди сиёсати забон дар даврони истиқлол ин аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони тоҷикӣ, ки яке аз қадимтарин забонҳо ва забони аксарияти кулли сокинони Тоҷикистон ва аксар манотиқи ҳаммарзу ҳамфарҳанги он мебошад, мақоми давлатӣ ато намуд. Яъне истифодаи амалии онро дар корҳои давлатдорӣ, фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ васеъ аа беҳудуд гардонида, асоси ҳуқуқиро барои ҳамчун рукни асосии миллату давлат шинохта шудани он фароҳам овард. Ин буд, ки вазифаи мазкур дар давраи хеле кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардида, имрӯз дар назди миллат нақшаи густариши забони миллӣ ва устувор намудани бунёди он истодааст.

АМИТ «Ховар»: Забон – ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ аст. Барои покизагӣ ва устувории мавқеи он чӣ бояд кард?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки ин ба тамоми мардуми мамлакат дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшад.

Сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоти Пешвои миллат возеҳу равшан ифода ёфтаанд, ки барои мо, тоҷикон, дастури корӣ мебошанд. Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» (иборат аз 2 ҷилд) таҳлили бунёдии масъалаҳои марбут ба забон, таърих ва фарҳанги тоҷик, ҳастӣ ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он сухани наву тозае дар забоншиносии тоҷик, татбиқи сиёсати забон ва рушду устувории ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҷавобан ба гузориши масоили мубрами таърихи забон, ҷанбаҳои печидаи сиёсати забонӣ дар даврони Истиқлол ва барои муайян намудани ояндаи инкишофу тараққии забон ва фарҳанги миллии тоҷик бахшида шудааст.

Хусусан, саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва даврабандии забони тоҷикӣ, ки падидаи нодир ва далели ташаккули миллат мебошад, боиси омӯзиши васеъ мебошад. Он муайянкунандаи манфиати миллӣ дар соҳаи сиёсати забон буда, ба саволҳои уқдадори душманони миллати мо ҷавобҳои возеҳу равшан медиҳад, мақом ва манзалати тоҷикон ва забони тоҷикиро дар фарҳанг ва тамаддуни Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон муайян менамояд.

АМИТ «Ховар»: Дар раванди ҷаҳонишавии захираҳои иттилоотӣ дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии рушди забони модарӣ ва таҳким бахшидани пояҳои тамаддуниву фарҳангии давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии Тоҷикистон забони модарии хешро чӣ гуна ҳифз намоем ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонем?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Ҷаҳони пуртазод ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба тамоми равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо, муносиботи байналмилалӣ таъсири боризе ворид намудааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон давлатҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикистонро пайваста ба мустаҳкам намудани мақому мартабаи худ такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода намудани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон — истиқлоли худ водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои ба ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳама гуна фарҳанги миллӣ буда, ошноии пурра бо он ҳатман на танҳо омӯзиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат, бо чашмони соҳибони фарҳанги мазкур дидани оламро дар назар дорад. Маҳз забон муттаҳидкунандаи асосии нишонаҳои миллат мебошад, зеро ягон ғояву мароми умумӣ, арзиши фарҳангӣ ва иқтисоди умумӣ бидуни фаҳмиши ягонаи рамзҳои калимавии дар муошират истифодашаванда имконнопазир буда, он ҳамчун воситаи интиқоли муқаррароти фарҳангӣ хизмат менамояд. Мутафаккирони бузурги тоҷик забонро оинаи руҳу равони халқ донистаанд. Бинобар ин, ҳар давлате, ки аз ояндаи худ андеша менамояд, пеш аз ҳама, дар масъалаи забон мутамарказ мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон