35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ба истифода дода шуд

Ноябрь 14, 2023 17:08

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин деҳа то кунун барои таълиму тарбияи хонандагон шароиту имконоти мусоид фароҳам  набуд.

Бинобар ин ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ва ҳамзамон саҳмгузорӣ дар ободонӣ фарзанди ҳамин диёр Зубайдулло Зубайдзода бо аҳли пайвандонаш тасмим гирифт, ки дар деҳаи Каздон бинои таълимии замонавӣ сохта, ба истифода диҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2022 оғоз ёфта, лоиҳаи иншоот аз тарафи мутахасисони КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия шудааст.

Муассисаи навбунёд барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад.


Дар ошёнаи якуми муассиса 5 синфхонаи таълимӣ, як синфхонаи таълимии касбу ҳунар, маҷлисгоҳ, китобхона ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои таълимии фанҳои биология, химия, физика, математика, технологияи компютерӣ, забонҳои русиву англисӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандони муассиса воқеъ мебошанд.

Барои ҷалби ҳарчи бештари насли наврас ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди муассисаи таълимӣ толори варзишӣ низ бунёд гардидааст, ки хонандагон метавонанд ба намудҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд.

Зимни ифтитоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имконоти фароҳамгардида дар муассиса баҳои баланд дода шуда, ифтитоҳи чунин бино туҳфаи арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаи дурдасти Каздони ноҳияи Айнӣ маънидод гардид.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола аксари хатмкунандагони  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ба донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои олии касбии мамлакат дохил шуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.


Соли 2023 ду хатмкунандаи муасисаи мазкур, аз ҷумла донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Муҳаммадзариф Зарифов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар номинаи илмҳои табиӣ сазовори мақоми якум ва донишҷӯи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулрахшон Ҷумъаева дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар номинаи адабиёти муосир сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дар дурдасттарин деҳаи мамлакат бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти таълимии замонавӣ бори дигар баёнгари он аст, ки соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбариятии олии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, баҳри таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2023 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд