35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ ба истифода дода мешавад
ВАҲДАТ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Бино мувофиқи лоиҳа аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳонидини Маҳмуд дар Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.
Дар айни замон бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат аз маркази шаҳр дуртар — дар бинои яке аз зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҷойгир аст. Баъди дар маркази шаҳр ба истифода додани бинои нав ва таҷҳизонидани ташхисгоҳи он кормандони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат ба сокинони шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Норак сари вақт хизмат мерасонанд.
Тибқи иттилои роҳбари Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат Абдуманон Ҳабибов, давоми соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилоти байналмилалӣ бо маблағи қариб як миллион евро таҷҳизоти замонавии ташхисгоҳи ғизо ва об, ки бо он ба таври сайёр дар нуқтаҳои муайянгардида санҷиш мегузаронанд, таҷҳизоти озмоишгоҳи вирусологӣ ва бактерияологӣ, ки сесад намуди ташхиси хун мегузаронад, ворид гардид.
Ҳамчунин ба Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби кумаки башардӯстонаи Федератсияи Русия озмоишгоҳи вирусологию бактериологии дар мошини «Газел» насбгардида туҳфа шуд, ки мутахассисон бо он ба таври сайёр дар нуқтаҳои даркорӣ ташхис мегузаронанд.
Барои истифодаи ин таҷҳизоти замонавӣ 4 мутахассиси марказ дар хориҷ ва дохили мамлакат таҷриба омӯхтаанд, ки ҳоло онро самаранок истифода бурда метавонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






