35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ ба истифода дода мешавад

Ноябрь 27, 2023 10:57

ВАҲДАТ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Бино мувофиқи лоиҳа аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» Субҳонидини Маҳмуд дар Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.

Дар айни замон бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат аз маркази шаҳр дуртар — дар бинои яке аз зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр  ҷойгир аст. Баъди дар маркази шаҳр ба истифода додани бинои нав ва таҷҳизонидани ташхисгоҳи он  кормандони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат ба сокинони шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Норак сари вақт хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои роҳбари Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат Абдуманон Ҳабибов, давоми соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилоти байналмилалӣ бо маблағи қариб як миллион евро таҷҳизоти замонавии ташхисгоҳи ғизо ва об, ки бо он ба таври сайёр дар нуқтаҳои муайянгардида санҷиш мегузаронанд, таҷҳизоти озмоишгоҳи вирусологӣ ва бактерияологӣ, ки сесад намуди ташхиси хун мегузаронад, ворид гардид.

Ҳамчунин ба Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби кумаки башардӯстонаи Федератсияи Русия  озмоишгоҳи вирусологию бактериологии дар мошини  «Газел» насбгардида туҳфа шуд, ки мутахассисон бо он ба таври сайёр дар нуқтаҳои даркорӣ ташхис мегузаронанд.

Барои истифодаи ин таҷҳизоти замонавӣ 4 мутахассиси марказ дар хориҷ ва дохили  мамлакат таҷриба омӯхтаанд, ки ҳоло  онро  самаранок истифода бурда метавонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд