9 муштзани навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 ноябр то 4 декабр дар шаҳри Еревани Арманистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни наврасон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чемпионат иштироки 448 варзишгари наврас аз 58 давлат дар назар буда, онҳо дар 26 вазн байни писарону духтарон сабқат менамоянд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 варзишгар: Ҷаҳонгир Камолов (46кг), Мансурхуҷа Муминов (48кг), Билолҷон Иксанов (50кг), Абубакр Қобилов (52кг), Шодмеҳр Давлатов (54кг), Абдулло Каримзода (57кг), Муҳаммадсултон Султонов (60кг), Абубакр Ғафуров (66кг) ва Фариноз Абдуллоева (52кг) муаррифӣ менамоянд.
Қуръакашии расмӣ 23 ноябр дар баробари маросими ифтитоҳ баргузор мешавад. Мусобиқаҳо то даври чорякниҳоӣ аз 24 то 30 ноябр, муҳорибаҳои нимниҳоӣ 2 декабр ва финал 3-4 декабр доир мегарданд.
АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон








«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид






