9 муштзани навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс иштирок менамоянд

Ноябрь 22, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 ноябр то 4 декабр дар шаҳри Еревани Арманистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни  наврасон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чемпионат иштироки 448 варзишгари наврас аз 58 давлат дар назар буда, онҳо дар 26 вазн байни писарону духтарон сабқат менамоянд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 варзишгар: Ҷаҳонгир Камолов (46кг), Мансурхуҷа Муминов (48кг), Билолҷон Иксанов (50кг), Абубакр Қобилов (52кг), Шодмеҳр Давлатов (54кг), Абдулло Каримзода (57кг), Муҳаммадсултон Султонов (60кг), Абубакр Ғафуров (66кг) ва Фариноз Абдуллоева (52кг) муаррифӣ менамоянд.

Қуръакашии расмӣ 23 ноябр дар баробари маросими ифтитоҳ баргузор мешавад. Мусобиқаҳо то даври чорякниҳоӣ аз 24 то 30 ноябр, муҳорибаҳои нимниҳоӣ 2 декабр ва финал 3-4 декабр доир мегарданд.

АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд