АҲАММИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ НИЗОМИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатӣ дар ин мавзӯъ

Ноябрь 6, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия таърифкунандаи усули сиёсӣ, сохтор, силсиламаротиб (иерархия), ҷойгоҳ ва ҳудуди қудрати сиёсии як кишвар, таъйин ва тазминкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар аст. Ҳеҷ қонуне бо Конститутсия ихтилоф дошта наметавонад. Ба ибораи дигар, Конститутсия қонуни таъйинкунандаи низоми ҳоким аст.

Бояд гуфт, ки қабули Конститутсия – ҳамчун санади сарнавиштсоз дар чунин як марҳили бисёр мураккаб аз таҷрибаи ғании миллати тоҷик дар роҳи интихоби низоми мукаммали давлатдорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ хабар медиҳад. Тоҷикистон дар ҳоле истиқлол ба даст овард, ки аз сабаби омилҳои субъективӣ ва объективӣ низоми идорӣ ва мақомоти давлатӣ аксаран фалаҷ шуда буд. Ташаккул ва рушди тамоми аркони давлати соҳибистиқлол аз қабули Қонуни асосӣ вобастагии зиёд дошт.

Санади ҳуқуқие лозим буд, ки қабл аз ҳама аз истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои низоми демократӣ ва дунявӣ дифоъ намояд. Моҳи сентябри соли 1991 баъд аз эълони истиқлоли давлатӣ комиссияи махусус дар ҳайати ҳуқуқшиносони варзида ва кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ бо мақсади омода намудани лоиҳаи Конститутсия ташкил карда шуд. Мутаассифона, комиссияи мазкур бино бар сабабаи оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаъолияти худро самаранок идома дода натавонист. Пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва ташкили ҳукумати нави Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, махсусан мушаххас намудани низом, шакл ва сохтори давлатӣ зарурати таҳия ва қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дурнамосоз ва роҳнамо ба вуҷуд омад.

Бояд таъкид намуд, ки идеяи низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон аз суханронии нахустини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баробари интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ чунин чунин таъкид намуданд: “Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам”. Мавқеи мазкур аз дарки воқеъии вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон аз ҷониби Сарвари давлат хабар медод.

Албатта, мо наметавонистем дар қабули ин ҳуҷҷати заминавии танзими муносибатҳо дар ҳама сатҳ сирф ба консититутсияи кишвари алоҳида такя намоем. Моро зарур буд, ки Конститутсияро бо назардошти манофеи миллӣ, махсусан минталитети мардуми Тоҷикистон, арзишҳои фарҳангӣ, шароити иқтисодию ҷуғрофӣ ва вазъи сиёсӣ омода созем. Чунин падида як амри воқеӣ аст, зеро таҳия ва қабули дилхоҳ Қонуни асосӣ бе дарназардошти ҷанбаҳои дар боло гуфташуда ғайримумкин аст. Ҳамчунин, дар доираи Конститусияи мамлакат бояд низоми сиёсӣ мушаххас мегардид. Интихоби низоми сиёсӣ шакли идорӣ ва сохти давлатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии воридшаванда ба Конститутсияи нави мамлакат маҳсуб меёфт.

Маҳз мушаххас намудани низоми сиёсии фарогир аз манфиатҳои умумӣ имкон фароҳам меовард, ки заминаи оштии миллӣ ва ба ҳам омадани миллат гузошта шавад. Дар ин раванд, бояд гуфт, ки яке аз омилҳои тезутундшавии вазъи сиёсии мамлакат ҳам дар набудани Қонуни асосӣ буд, то дар шароити нав мавқеи ҳизбу гурӯҳҳоро бояд муайян менамуд. Мутаассифона, набудани чунин санади танзимкунанда дар ин раванд вазъро боз ҳам мураккаб намуд. Вазъияти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хеле хуб дарк шуда, чораҳои лозима дар ин самт амалӣ гардид. Қабл аз қабули Қонуни асосӣ ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи ҳукуматхоҳ бо сарпарастии қудратҳои хориҷӣ хостанд низомеро бо идеологияи муайяни давлатӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ намоянд, ки он ба ҳеҷ ваҷҳ ба манфиати давлату миллати мо набуд. Равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор месохт ва месозад, ки дар роҳи таҳкими давлати мустақил ва ваҳдати ҷомеа низоми сиёсӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Тамоми раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз низоми сиёсӣ маншаъ мегирад, ки то кадом андоза самарабахш будани он барои ҷомеа дар муддати кӯтоҳ маълум мегардад. Барои мо таҷрибаи давлатҳои Шарқи Наздик ва Афғонистону Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бисёр равшан буд. Воридшавии қудратҳои хориҷӣ ва ба амал омадани моҷароҳои сиёсӣ дар ин давлатҳо аз нодуруст интихоб намудани низоми сиёсӣ вобаста буд, ки минбаъд бо баҳонаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон абарқудратҳо ба Ироқ, Сурия, Лубнон, Ливия ва Афғонистон ворид шуда, вазъи мавҷударо боз ҳам шиддат бахшиданд, ки то имрӯз ба худ наомадаанд.

Бо назардошти ин ва дар муддати кӯтоҳ ба охир расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба ҳам омадани ҷомеа баҳри сулҳу субот ва бунёдкорӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки заминаи амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсиро дар мамлакат гузошт. Ин санади инъикосгари иродаи шаҳрвандони Тоҷикистон заминаи ташаккул ва рушди низоми давлатиро бо тамоми арконаш фароҳам овард. Дар маҷмуъ, бо чунин нуқтаҳо метавон арзиши Конститутсияро дар таҳкими низоми сиёсии мамлакат асоснок намуд:

  1. Конститутсия дар моддаи якум аллакай симои давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мушаххас ва равшан муаррифӣ намуд. Дар Конститутсия низоми сиёсии мамлакат демократӣ таъкид шуда, он имкон фароҳам овард, ки давлати мо ҳамчун давлати мутамаддин ва ҳамқадам бо ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад. Дар шароити бисёр мураккаби ҷомеа интихоби низоми демократӣ боис шуд, ки дар аввал қазияи дохилӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ бо дарки арзишу аҳаммияти ин низом бартараф карда шавад. Хатару таҳдидҳо ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли давлатӣ баратараф карда шуд. Ҳамчунин, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бо интихоби низоми демократӣ моро ҳамчун миллати мутамаддин ва ҳамнаво бо ҷомеаи байналхалқӣ бо назардошти арҷ гузоштан ба арзишҳои умумибашарӣ, махсусан ҳуқуқи инсон бори дигар муаррифӣ кард. Боварӣ ва ээтимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз баъд аз қабули Конститутсия ва инъикоси низоми демократӣ дар он ба Тоҷикистон ва халқи он зиёд гардид.
  2. Дар заминаи Конститутсия аркони муҳимми давлатдорӣ рушд намуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ бо назардошти принсипҳои низоми демократӣ роҳандозӣ ва ҷоннок карда шуд.
  3. Конститутсия имкон фароҳам овард, ки механизмҳои амалӣ гардидани низоми деморкатӣ дар мамлакат ташаккул ва рушд ёбанд. Махсусан, ниҳодҳои ҷомеаи демократӣ, монанди институти президентӣ, парламентӣ, интихоботӣ ва бисёрҳизбӣ дар муддати кӯтоҳ рушд намуда, фаъолияти самаранок роҳандозӣ гардид. Ҳамчунин, дар асоси моддаи 8 муайян гардид, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбанд. Мафкураи ҳеҷ ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ин принсип имкон фароҳам овард, ки озодии виҷдон ва мафкуравӣ дар кишвар таъмин карда шавад.
  4. Муҳимтарин принсипи низоми сиёсии демократӣ дар кишвар амалӣ гардид, ки дар таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ инъикос мегардад. Дар ин асос, мустақилият ва самаранокии мақомоти давлатӣ таъмин карда шуд.
  5. Принсипи ягона будани сохтори давлатӣ (унитарӣ), ки низоми сиёсиро дар шароити Тоҷикистон таҳким мебахшад, дар Конститутсия ба таври мушаххас зоҳир мешавад, ки маънояш тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани ҳудуди кишвар аст, ки ин ҳам аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоя менамояд.
  6. Конститусия тавассути низоми сиёсии демократӣ муайян кард, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Имрӯз дар асоси ин принсип мардуми Тоҷикистон дар мақоми олии қонунгузори кишвар ҳокимияти иҷроия намояндаи худро бевосита интихоб менамояд, ки дар раванди амалӣ гардидани иродаи онҳо дар сатҳи ҳокимият мусоидат менамоянд. Интихоби Президент ва вакилони мақоми олии қонунгузор дар кишвар гувоҳи он аст. Мувофиқи ин, аз номи тамоми халқи кишвар танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳаққи сухан гуфтан доранд.
  7. Ташаккули парламенти дупалатагӣ ва инъикоси салоҳияти он дар Конститутсияи кишвар. Консититсия муқаррар намуд, ки Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар мебошад. Он аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Дар ин баробар ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олӣ тариқи қонуни конститутсионӣ танзим карда мешавад.
  8. Низоми сиёсии муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқи маънавии тамоми халқи кишварро кафолат медиҳад. Халқи Тоҷикистон метавонад аз забон, дин, фарҳанг ва ахлоқи миллии худ дар ҳолати муқарраршуда истифода намояд. Яъне ба тамоми арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар кишвар дар доираи принсипҳои низоми сиёсии мавҷуда арҷ гузошта мешавад.

Бояд зикр намуд, ки ин ва чандин нуқтаҳои дигар аз аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмил ва таҳкими низоми сиёсии кишвар хабар медиҳад. Ҳар як модда ва паҳлуи Қонуни асосӣ махсусияти низоми сиёсии кишварро инъикос намуда, дурнамои рушди онро муайян кардааст.

Маҳз интихоби низоми сиёсии демократӣ дар асоси конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар навбати аввал буҳрони сиёси дар кишвар хотима ёфта, боварӣ ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналхалқӣ зиёд гардад.

Дар навбати дуюм имкон фароҳам омад, ки давлати мо бо интихоби низоми мазкур ҳамчун ташаббускор ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар доираи созмону ташкилоҳои байналхалқӣ баромад намояд.

Низоми мазкур имкон дод, ки тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо дарназардошти мутобиқат намудан ба меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ қабул ва муқаррар карда шавад.

Маҳз конститутсия ва низоми сиёсии мукаммали кишвар имкон фароҳам овард, ки дар муддати кутоҳ мадели қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун таҷриба аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ истифода шаванд.

Агарчи қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории баъзе аз кишварҳо падидаи нав бошад, аммо барои миллати мо ин падида танҳо ба раванди давлатдории навини тоҷикон хос мебошад. Зеро тоҷиконро, ки меросбарони мустақими ориёиён мебошанд, аз падидоварандагони аввалин қонунҳо дар баробари дифоъ аз ҳуқуқи башар метавон гуфт. Тасвиби конститутсия ба маъно ва моҳияти муосираш падидаи муҳим дар арсаи ҳуқуқ ва ҳокимияти қонун аст, ки таърихи беш аз ду садсола дар байни кишварҳои мухталиф дорад. Таърифи Қонуни асосӣ ба санади ҳуқуқӣ барои таъйини чорчӯбаҳои ҳукмронӣ, баёнгари аҳаммият ва ҷойгоҳи хосси он дар кишвар аст. Зеро қонуни асоси бар асоси ормонҳои миллат ва назари мардум амал мекунад.  Ҳадафҳо ва ормонҳое, ки миллатҳо барои амалӣ кардани он гоҳҳо даҳсолаҳо ва садсолаҳо талош кардаанд ва барои роҳандозии онҳо ҷонфишонӣ мекунанд. Бино бар ин, қонуни асоси дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҷойгоҳи асосӣ, муҳим ва таъйинкунанда дорад.

Далер Қодирзода,
декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Ноябрь 6, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад