Ҷаҳон Азонов: «Истифодаи шираи каду сулфаро рафъ ва дарди қафаси синаро даво мебахшад»

Ноябрь 21, 2023 14:37

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани сардӣ ангезандаҳои асосии бемориҳои шамолкашӣ, ки вирусҳо мебошанд, сабабгори маҳкам шудани роҳҳои нафас ва пайдо шудани сулфа мегарданд. Баъзан сулфаи бардавом то як ҳафта ва зиёда аз он давом меёбад. Ба гуфтаи доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов, истифодаи шираи каду метавонанд сулфаро рафъ ва равғани он  дарди қафаси синаро беҳбудӣ бахшад.

Ҷаҳон Азонов мегӯяд, ки агар дар як рӯз 100 грамм кадуро бо ғизо истеъмол намоем, пас бунияи мо аз 29 то 30 килокалория неру ҳосил менамояд. Ин шаҳодати он аст, ки каду аз лиҳози калориянокӣ камкалория аст ва ин ҳам як бартарии каду аст, ки миқдори зиёди калорияро дар бунияи инсон зиёд намекунад.

«Истифодаи он барои як зумра нафароне, ки аз ғизои серкалория азият мекашанд, фоидаи хуб дорад. Асосан барои муолиҷа тухм, дона, кӯфтаи мағз, ҷӯшобаи тухмдонаҳо ва дилаи кадуро аз қадимулайём то имрӯз истифода мебаранд. Абумансури Муваффақ мефармояд, ки «каду ғизои латиф аст. Ташнагиро мешиканад, сулфаро рафъ месозад, яъне дилаашро бо равғани гул истифода баранд, барои бемориҳои синдроми метоболикӣ, яъне ниқрис (подогра) манфиати хуб дорад. Равғанаш барои сулфа ва дарди қафаси сина муфид аст. Абуалӣ ибни Сино низ кадуро барои табобати варамҳое, ки аз таъсири гармӣ ба вуҷуд меоянд, муфид фармудааст. Тухмдона ва ҷӯшобаашро ҳамчун табшикан низ тавсия додааст», — изҳор медорад мутахассис.

Каду яке аз растаниҳои ниҳоят муҳими ғизоии яксола буда, ба оилаи кадугиҳо мансуб аст. Ватанаш дар асл маълум набуда, танҳо як далеле мавҷуд аст, ки гӯё онро 5 ҳазор сол пеш дар Мексика парвариш менамудаанд. Дар Мисри қадим низ онро ҳамчун маводи ғизоӣ истифода мебурдаанд. Каду дар тамоми мамолики дунё парвариш ва истеҳсол мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун растании ғизоӣ қариб дар ҳама минтақаҳо парвариш намуда, истифода мебаранд. Хусусияти шифоӣ ва ғизоии каду асосан ба таркиби кимиёияш вобастагии зич дорад.

Ҷаҳон Азонов изҳор дошт, ки таркиби каду асосан то 90-92 фоиз об дошта, то 5,2 фоиз равған дорад. Ба ғайр аз ин, дар он сафедаҳо, карбогидратҳо мавҷуд ҳастанд. Агар дилаашро дида бароем, аз 4 то 9 фоиз қанд, то 6% оҳар, 1,7 % маводи пектинӣ дорад. Таркиби каду аз унсурҳои калий, магний ва фосфор низ бой аст.

«Асосан дар тибби мардумӣ мағзи донаи кадуро барои рафъи гиҷҷаҳо, яъне кирмҳои рӯда ба таври васеъ истифода мебаранд. Онро барои бемориҳои масона ва ҳангоми сустшавии кори ғадуди простата низ истифода менамоянд. Дар тибби Озарбойҷон шираи кадуро барои муолиҷаи заъфҳои кӯҳна ва дар тибби Тибет барои бемориҳои ҷигар, гурда, дил, илтиҳоби пардаи луобии меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта ба таври васеъ истифода мебаранд»,-баён дошт мавсуф.

Таркиби дилаи каду аз маводи калий ва магний бой аст ва ин моддаҳо ҳиссаи хуби ғизои дил ва мушакҳои дил ба ҳисоб мераванд. Ҷаҳон Азонов тавсия медиҳад, ки гирифторони бемориҳои дил истифодаи дилаи кадуро дар шакли хом чун хуриш омода намуда, истифода баранд, ин барои онҳо фоидаи калон дорад. Ба гуфтаи мавсуф, таҳқиқоти илмӣ муайян намудаанд, ки дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад ва мубодилаи моддаҳоро дар худи буния ба танзим медарорад. Шираи кадуи хом барои оромии асабҳо ва ба танзим даровардани кори асабҳо низ ниҳоят фоидабахш аст.

«Агар одами камхоб ё пиронсол ҳар шаб 2-3 қошуқӣ аз шираи кадуи хом пеш аз хоб истеъмол намояд, метавонад бароҳат хоб равад. Каду хусусияти хуби пешобронӣ дорад. Истифодаи каду дар хӯрок имкон медиҳад, ки он намакҳое, ки дар гурда ҷамъ ва сабаби сар задани ҳар гуна сангҳо мешаванд, ба воситаи зиёд шудани пешоб  намакҳо ба ин тариқ аз организм хориҷ шаванд»,-афзуд ӯ.

Тавре коршинос тавсия медиҳад, тухмдонаҳои каду дорои хусусияти хуби шифоӣ мебошанд. Дар як ҳафта бояд як ё ду маротиба кадуро истифода намуд. Барои одамоне, ки аз 45-50-сола боло мебошанд, дар як рӯз 25-30 дона мағзи кадуро истифода намудан бисёр нафъовар аст.

Яке аз хусусияти хуби дигари каду он аст, ки аз он дар шароити хона ҳар гуна хӯрокҳо, чун ширкаду, кадушӯрбо, кадуи таги алов, гӯшту кадубирён, самбусаи кадугӣ, мантуи кадугӣ омода намудан мумкин аст.

Бештари сокинон барои зимистон кадуро захира намуда, тамоми фасли сармо аз он ҳар гуна хӯрокҳои лазиз омода менамоянд.

Чанде аст, ки байни сокинон дар бораи манфиати навъҳои кадуи тоҷикӣ ва намудҳое, ки аз Узбекистон ба бозорҳои мамлакат ворид шудаанд, баҳсҳо идома доранд.

Ба гуфтаи бархе аз сокинон, кадуе, ки аз Узбекистон ворид мешавад, бо ҳаҷми хурд ва дилаи зиёд доштанаш хушмаззаву манфиатовартар мебошад.

Дар ҳамин ҳол Ҷаҳон Азонов изҳор дошт, ки манфиати кадуи тоҷикӣ бештар аст. «Он чизе, ки дар ин хоку дар ин замин мерӯяд, барои бошандагони ҳамин сарзамин аз ҳама чизи беҳтарин хоҳад буд. Он маҳсуле, ки аз берун ворид мегардад, ба ҳамон маводи фаъоли биологие, ки мо аз кӯдакӣ онро бо маҳсулоти худӣ истеъмол намуда будем, дуруст намеояд. Маҳсуле, ки дар Ватани мо мерӯяд, беҳтарин маводи ғизоӣ ва манфиатовартарин навъи хӯрокворӣ барои сокинонаш маҳсуб мешавад»,-баён дошт ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2023 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд