Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 10 ноябр дар заминаи муассисаҳои таълимии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе омӯзиши ройгони забони кореягӣ ба роҳ монда мешавад. Дарсҳо 6 моҳ давом карда, баъди он довталабон имкон доранд, ки дар Донишгоҳи лифти Корея давоми 2 сол таҳсил намуда, сипас дар бозори меҳнат фаъолият намоянд.
Дар ин хусус 28 октябр зимни мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо президенти Донишгоҳи лифти Корея Ҳюнсук Ли иттилоъ дода шуд. Ҷонибҳо дар суҳбат масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба, омӯзиши забони кореягӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳаро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар доираи ин мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи лифти Корея ба имзо расид.
Аз ҷумлаи ҳадафҳои ин санад ҷалби донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон, таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи ин санад, моҳи декабри соли равон сафари омӯзишии гурӯҳи аввали донишҷӯён дар ҳайати 8 нафар ба ин давлат дар назар буда, оянда теъдоди гурӯҳҳо ва донишҷӯён зиёд карда мешаванд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин зинаи таҳсилот на танҳо пояи асосии омодасозии мутахассисони сатҳи коргарӣ мебошад, балки омили бунёдии рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ дар ҷумҳурӣ аст.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






