АДЛ ҚОНУНИ МОСТ! Конститутсияи Тоҷикистон аз умқи асрҳо сарчашма гирифта, имрӯз низ меъёрҳои ҳуқуқии зиндагии моро муайян месозад

Ноябрь 6, 2023 11:05

ДУШАНБЕ, 06.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қабули он 29 сол сипарӣ мешавад, чун санади олии ҳуқуқӣ арзиши баланд дошта, дар радифи Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муайнкунандаи давлат маҳсуб мешавад.

Конститутсияи Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуда, миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун шиносномаи миллат рушди давлати соҳибистиқлоламонро таъмин ва роҳи расидан ба ояндаи дурахшонро мунаввар менамояд. Мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон ба қатори яке аз даҳ конститутсияҳои беҳтарин шомил гардидааст.

«Миллати тоҷик дар ҷомеаи имрӯза қонуну одоби ҳазоронсола маъмули миллиро дар сиришти худ маҳфуз доштааст. Яъне қонуни миллии мо, ба забони имрӯзӣ- Конститутсияи миллатамон  аз умқи асрҳо, аз бунёди инсонии халқамон, аз заковати баланди фарзандони  фарзона ва сиришти неки мардуми башардӯстамон сарчашма гирифта, имрӯз ҳам меъёрҳои ҳуқуқии зиндагии моро муайян месозад»,-иброз доштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллифро манзур менамоем.

— Миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳиби фазлу хираду адабу адолат, миллати некманишу некбунёд, хайрхоҳу башардӯст дар олам ном баровардааст. Барои фарзандони миллате, ки тамоми ҳастияш, кору бору рӯзгораш дар доираи суннатҳои волои инсонӣ, дар доираи риояи одобу суннативу таърихӣ амалӣ мегардад, риояи қонун, ҳимояи қонун ва арҷгузорӣ ба қонун ҳамеша дар мадди аввал будаву муътабар аст. Дар ин сарзамин ҳанӯз аз тифлӣ инсонро дар доираи риояти одоби инсонӣ, фаҳмиши мафҳумҳои айбу шарм,  набаромадан аз  доираи муайяни  кирдору рафтор, парҳез аз бадиву кирдорҳои ношоиста, раҳму шафқат,  некиву некӯкорӣ ва дигар хислату сифатҳои шоиставу нек тарбият менамоянд.

Шояд аз ин аст, ки миллати баруманди мо аз азал то ба имрӯз миллати адолатпарвару некбину хайрхоҳ будааст. Бо шарофати ҳамин адолатмандӣ, бунёди нек, инсофу хайрхоҳӣ аст, ки нахустин қонун ва меъёрҳои зиндагиро барои мо модарони бузургворамон ҳанӯз аз тифлӣ дар роҳнамоӣ ба гуфтору кирдори ҳамарӯзаамон таълим додаанд. Ҳамин модари бузургвор аст, ки бо насиҳати “Рост рав, рост шин, рост гӯ!” ҳамеша моро роҳбалади ростӣ будааст ва ин таълимоти ростини модар қонуне аст, ки на дар китобҳо, балки дар сиришти мо абадан навишта шудааст. Гузаштагони хирадпеша ва башардӯсти мо буданд, ки гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори некро таҳкурсӣ ва зербуни маърифат ва ҷаҳонбинии ҳазорсолаи мо гардониданд.

Ин буд, ки ба шарофати озодӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бисёр меъёрҳои ҳуқуқӣ, қонуну тартибот, маърифату одоби милии халқи куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик эҳёи дубора ёфт. Барои давлатдории навини тоҷикони соҳибистиқлол аввалан зарур буд, ки пешорӯи миллату халқ қонун ва ҳуқуқҳои сокинони мамлакат муайян шаванд, ки бе онҳо пайгирӣ аз ҳадафҳои бузурги миллӣ номумкин аст. Ва хушбахтона, ин ҳадафҳои бузург ва қонуну тартиботи ватандорӣ аз сиришти хирадмандонаи халқи тоҷик, фарзандони фарзонаи он, аз замири неки инсонӣ ва адолатпарвари миллатамон, ки заминаҳои мустаҳками таърихӣ дошт, бо дурахши тозаву нав падидор гардид.

Маълуми ҷаҳон аст, ки аввалин қонунро дар рӯи замин гузаштагони барӯманди мо бо номи Эъломияи ҳуқуқи башар, ки марбут ба замони Ҳахоманишиҳо ва шоҳи номвари он Куруши Кабир аст, ҳанӯз дуним ҳазор сол пеш эҷод ва таълиф дода буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин иброз доштаанд:

«Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин давлатро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳалли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофӣ аст».

Воқеан, яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо —  ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст, ки соли 539-и пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.

Эъломияи Куруши Кабир бо номи «Силиндри Куруш» маълум ва  машҳур аст. Матни Эъломия бо забони аккадӣ боқӣ мондааст. Эъломия дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.

Эъломияи Куруш яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғайра ба таври возеҳ дарҷ шудаанд. Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948 қабул шудааст) ба чашм мерасанд.

Пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар байни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб шуда, дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад.

Ҳамин тариқ, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва татбиқи он нахустсанад ҳисобида мешавад. Ин ҷо таваҷҷуҳи шуморо ба матни Эъломияи Куруши Кабир, ки ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорӣ аст, ҷалб менамоем:

«Ман эълон менамоям, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад».

Дар ин эъломия се арзиши демократӣ — озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол накардани ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст. Ин меъёрҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳамчун мундариҷа истифода шуда, барои тамоми давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва роҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.

Қонуни асосӣ ҳукми шиносномаи ҳар давлату миллатро доро аст. Дар он номи расмии давлат, сохти давлатдорӣ, тарзи ташкили марзиву ҳудудӣ, асоси ҳуқуқии давлат ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ сабт мегарданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул  шуда, кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Он бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат қабул гардида, амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ, бешак, ба муносибати бошууронаи аҳли ҷомеа, рафтору кирдори баланди инсонӣ, азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик вобастагии қавӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи соҳибистиқлол гаштани худ ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалиро пос медорад. Аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат баҳри расидан ба ин ҳадафҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабирро хуб дар ёд дошта, давоми солҳои зиёд давлатҳо ҳангоми таҳияи конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳуқуқи инсонҳо онро мавриди истифода қарор додаанд. Ва мо аз ин, албатта, ифтихор менамоем.

Дар зер ду шеъре, ки ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон бахшида шудаанд, пешниҳод мегарданд.

АДЛ ҚОНУНИ МОСТ

Шуҳраи олам аст аз Куруши Кабир,
Хайру инсофи ту, миллати беназир!

Аз азал халқи мо тухми некӣ бикишт,
Адл  қонуни мост аз дами Зардуҳишт!

Адл қонуни мост!
Ишқ  ҳомуни мост!
Нури роҳи азал
Меҳри афзуни мост!

Аз “Авасто” адаб  хилқати халқи мост,
Фазлу илму ҳунар қимати халқи мост.

Миллати мо бизист худ ба қонуни адл,
Сабзу хуррам аз ӯ гашт ҳомуни адл.

Адл қонуни мост!
Ишқ  ҳомуни мост!
Нури роҳи азал
Меҳри афзуни мост!

Миллате, ки варо ишқи ӯ раҳнамост,
Пуштибонаш  шараф, ҳомии ӯ вафост!

Парчамаш парчами сулҳи дунё бувад,
Парчами дӯстӣ то Сурайё бувад!

Адл қонуни мост!
Ишқ  ҳомуни мост!
Нури роҳи азал
Меҳри афзуни мост!

Халқи мо зодаи сарнавишти накӯст!
Некном аз азал бо сиришти накӯст!

Хайру инсофу адл шеваи тоҷикист!
Фазлу илму адаб меваи тоҷикист!

Адл қонуни мост!
Меҳр ҳомуни мост!
Нури роҳи азал,
Меҳри афзуни мост!

ВАТАНИ ҚОНУН 

Миллати мост, к-аз замони қадим
Аз Ҳуқуқи Башар1 башорат дод.
Ибрату дарси адлу қонунро
Бар тамоми ҷаҳон иморат дод.

Миллати мост, к-аз замони қадим
Монд бар ёдгори худ Қонун.
То шиносад ҳуқуқи худ инсон,
По намонад зи ҳадди худ берун.

Аз Ҳуқуқи Башар башорат дод
Бар замину замон Курӯши Кабир.
Миллате, ки ба ҳикмати Зардушт
Буд худ дар талеаи тақдир.

Одамизод соҳиби Қонун
Шуд ба ҷаҳди гузаштагони мо,
Парчами мост аввалин Парчам,
З-аввалинҳо бувад Нишони мо.

Миллати мо ҳамеша ойина
Дошт дар пеши рӯяш аз Қонун.
Хайру некиву родмардиҳо
Буд ӯро ҳамеша андар хун.

Балки кохи вуҷуди поки ӯ
Пояҳо гашт бар Ҳуқуқи Башар,
Пайки сулҳу башорати некӣ
Буд ӯро ҳамеша болу пар.

Зербуни ҳуқуқу қонунаш
Буда озодагиву озодӣ,
Арҷ бар ҷумла халқу миллатҳо,
Ҳамдилӣ, ҳамҷаворӣ, ободӣ.

Тоҷикистони соҳибистиқлол
Сарбаландӣ дар ин ҷаҳон дорад,
Ҳуҷҷати бахти ӯ бувад Қонун,
Обрӯву фари замон дорад.

Инак озодагӣ, ҳуқуқи шахс
Шуд муқаддас дар ин диёри куҳан,
Ҳар нафас мешавад Ватан обод,
Ҳар нафас мешукуфад ин Меҳан.

Ватани асли асли қонунҳост,
Зербуни равонаш аз адл аст.
Бо ҳама ҷабри зиндагӣ зинда
Монда, зеро, ки ҷонаш аз адл аст.

Кишвари дунявӣ, ҳуқуқбунёд,
Дар кушода ба рӯи ёрон аст.
Дӯстро тоҷи сар кунанд ин ҷо,
Чунки ин марз Тоҷикистон аст!

————

[1] Ҳанӯз солҳои 500-уми то мелод, яъне 2500 сол пеш Куруши Кабир – бунёдгузори давлати Ҳахоманишиҳо Эъломияи Ҳуқуқи Башарро эҷод ва ба инсоният пешиҳод намуда буд, ки имрӯз дар роҳрави ошёнаи дуюми СММ ба маърази намоиш гузошта шудааст. 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад