Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои аъзои ИДМ дар Арманистон иштирок намуд

Ноябрь 8, 2023 14:21

ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 ноябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи 55-уми Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзод иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, корҳои иҷрошуда ва пешравиҳо, камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир қарори Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ бо назардошти пешниҳодҳои аъзои Шуро қабул гардида, баргузории ҷаласаи ояндаи Шуро дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола дар давлатҳои аъзо баргузор гардида, дар он  фаъолияти яксолаи мақомоти зиддиинҳисорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Инчунин дар доираи ин ҷаласа мулоқоти ҳайати Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо ҳайати Вазорати зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ намуда, барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба таҳия ва ба имзо расонидани созишномаи ҳамкориро байни мақомоти зиддиинҳисорӣ дар ҷаласаи ояндаи Шуро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба мақсад мувофиқ шумориданд.

АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2023 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид