Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон доир шуд

Ноябрь 18, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Тавре аз Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, комиссия бо мақсади амалӣ намудани иқдоми якҷоя ва ташкили фаъолияти ҳамоҳанги вазорату идораҳо дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот таъсис дода шудааст.

Дар ҷаласаи комиссия муовинони якум ва муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, ки ба ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ шомил мебошанд, иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни назариявӣ ва илмию амалии таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи комиссия якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати танзими ҳуқуқии масъалаҳои мухталифи соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот равона гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамзамон маҷмуи санадҳои намунавӣ ва дастурҳои методии аз ҷониби Саридора омодагардида ба аъзои Комиссия пешниҳод  шуд. Дар масъалаҳои омода намудани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандон, таъминоти моддию техникӣ ва методии соҳа бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.

Зимни ҷаласаи навбатии комиссия дар самтҳои сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот таклифу пешниҳодҳои мушаххас ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки дар фаъолияти амалии мақомоти давлатӣ ва ташкилот мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар идомаи ҷаласа Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақоми низоми махфият», ки дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, натиҷагирӣ шуда, аз байни 400 мақомоти давлатӣ ва ташкилот 18 нафар масъулони мақоми низоми махфият соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд