Дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини Прокурори генералӣ, аъзои Шуро- фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо ва ҳайати шахсии онҳо, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар масъулини соҳа зимни ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Масъалаҳои таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо озуқа, амволи шайъӣ ва дигар намуди амволи махсус, таҷрибаи тафтишотӣ — судӣ оид ба ҷиноятҳои вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ аз ҷониби аъзои Шуро баррасӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ талаботи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбию сарҳадӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асосан риоя ва иҷро гардида, фаъолият дар самти пешгирии чунин ҷиноятҳо то андозае дуруст ба роҳ монда шуда, ҷиҳати ташкили шароити хуби хизмати ҳарбӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам шароити хуби хизмат муҳайё шуда, афсарону сарбозон аз лиҳози техникиву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, навсозӣ намудани Қувваҳои Мусаллаҳ идома дорад.
Раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони ҷаласа суханони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар хотиррасон намуд, ки «асоси омодабошии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад». Аз ин рӯ, ҳар хизматчии ҳарбӣ вазифадор аст интизоми ҳарбиро қатъӣ риоя намуда, уҳдадориҳои хизматии худро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро намояд.
Ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фаъолият аз тамоми ваколатҳои назорати прокурорӣ самаранок истифода намуда, баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои иловагии зарурӣ амалӣ намояд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






