Дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид

Ноябрь 22, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини Прокурори генералӣ, аъзои Шуро- фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо ва ҳайати шахсии онҳо, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар масъулини соҳа зимни ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Масъалаҳои таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо озуқа, амволи шайъӣ ва дигар намуди амволи махсус, таҷрибаи тафтишотӣ — судӣ оид ба ҷиноятҳои вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ аз ҷониби аъзои Шуро баррасӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ талаботи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбию сарҳадӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асосан риоя ва иҷро гардида, фаъолият дар самти пешгирии чунин ҷиноятҳо то андозае дуруст ба роҳ монда шуда, ҷиҳати ташкили шароити хуби хизмати ҳарбӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам шароити  хуби хизмат муҳайё шуда,  афсарону сарбозон аз лиҳози техникиву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, навсозӣ намудани Қувваҳои Мусаллаҳ идома дорад.

Раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони ҷаласа суханони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар хотиррасон намуд, ки «асоси омодабошии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад». Аз ин рӯ, ҳар хизматчии ҳарбӣ вазифадор аст интизоми ҳарбиро қатъӣ риоя намуда, уҳдадориҳои хизматии худро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро намояд.

Ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фаъолият аз тамоми ваколатҳои назорати прокурорӣ самаранок истифода намуда, баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои иловагии зарурӣ амалӣ намояд.

Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд