Ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ таҳким меёбад

Ноябрь 1, 2023 18:27

ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) лоиҳаи «Баланд бардоштани системаи реактивии ҳифзи иҷтимоӣ ба хатарҳои иқлимӣ ва коҳиши хатари офатҳо» рӯнамоӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Кумита хабар медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода 31 октябр бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо сарварии мутахассис оид ба тағйири иқлим Малте Маас ва мушовир оид ба рушди лоиҳаҳо дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, давлатҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ Бранко Венерт мулоқот намуд.

Ҳадафи мулоқот баррасии таҳкими ҳамкории минбаъда байни БОР ва Кумита дар татбиқи тарҳҳои оянда дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ ба ҳудуди Тоҷикистон буд.

Дар ҷараёни мулоқот Рустам Назарзода ба меҳмонон дар бораи фаъолияти кумита, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод. Ҳамчунин ӯ дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи соли равон дар мамлакат рухдода, дастгирии ҳукумат ва расонидани ёрии саривақтӣ нақл намуд.

Инчунин оид ба минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон, корҳои анҷомёфта дар ин минтақаҳо ҷиҳати пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ, амалӣ намудани корҳои наҷот, системаҳои огоҳкунии пешакӣ ва системаҳои иттилоотӣ маълумот дода шуд.

Дар фарҷоми мулоқот байни ҷонибҳо доир ба мавзуъҳои баррасишуда табодули афкор доир шуд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2023 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд