Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мулоқот намуд

Ноябрь 8, 2023 17:15

ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла корҳои амалӣ, ҷараёни гузаронидани ҷарроҳӣ, намоиши китобҳои муштарак шинос шуда, ҳамзамон бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар солҳои фаъолият бештар аз 50 ҳазор табиб омода намудааст, ки имрӯз онҳо на танҳо дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон, балки дар бисёр давлатҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷаҳонишавии таҳсил, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилро ба назар гирифта, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025»-ро таҳия намуданд.

Мутахассисони омоданамудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар беш аз 50 давлати дунё фаъолият менамоянд.

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2023 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид