Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода гулгашти зебову замонавӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода гулгашти зебову замонавӣ бо фарогирии нуқтаҳои савдо, майдончаи бозии кӯдакон, нишастгоҳҳои тозаву озода, роҳравҳои сафолакпӯш ва фазои равшану чароғон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Гулгашт бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорон дар масоҳати 9000 метри мураббаъ сохта шуда, барои гаштугузори шабонаи сокинону меҳмонони шаҳр ва кӯдакону наврасон хеле мувофиқ ва ҷолиб аст.
Сармеъмори шаҳри Турсунзода Ҷамшед Зоирзода иброз дошт, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо иштироки меҳмонон ва раиси шаҳр боз биноҳои истиқоматии 7 ва 14-ошёнагӣ дар маҳаллаи якум ва бинои дармонгоҳи наву замонавӣ дар маркази шаҳр ба истифода дода мешаванд.
Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 435 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 172 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, роҳҳои байнидеҳавӣ ва дорои аҳамияти маҳаллии шаҳри Турсунзода бо маблағгузории мақомоти иҷроия, ҷалби соҳибкорону саҳми сокинони деҳот беш аз 60 км асфалтпӯш гардидааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриТурсунзода








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






