БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Меҳри Пешвои миллат асрҳои аср аз дили халқ зудуда намегардад.
ДУШАНБЕ, 13.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар он чизеро, ки дар поён мутолиа менамоед, тамаллуқ не, ташаккур аст, изҳори сипос ва эҳтироми самимии ман ба Президенти мо, ба Пешвои мо, ба фарзанди фарзонаву содиқи Тоҷикистон аст. Ин ҳақиқатро барои мардум, барои имрӯзиён менависам, то хонанд ва онҳое, ки намедонанд, донанд, ки ин абармарди таърихи тоҷикон чӣ тавр миллатро аз вартаи нест шудан раҳо намуданд. Чунин нигоштааст нависанда Нозир Ёдгорӣ.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
— Он солҳо, солҳои хунину даҳшатнок дар хотираву ёди ман то ҳанӯз ҳам зиндаанд, гиряву нолаи модари тоҷик ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳад, нигоҳи пур аз раҳми кӯдакони дар ҳасрати як бурда нон аз пеши назарам дур намешавад. Вақте ин сатрҳоро менависам, хаёлу андешаам ба қафо, ба он рӯзҳои пурвоҳима бармегарданд.
Дар ин рӯзи барои инсоният хеле вазнин, дар ин овони пур аз низову нифоқ, вақте дар минтақаҳои гуногуни дунё модарону кӯдакон ба коми марг мераванд, ин саҳнаҳоро мебинаму дили ман боз меларзад. Аз дигар тараф — ҳиссиёти пур аз шукру миннатдориям аз он ки дар сояи ин марди бузург, марде, ки таърих ба мо тақдим намудааст, зиндагии орому осоишта дорем, дар ниҳодам афзун мешавад. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо бештар мехоҳам, ки самимона, аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ ба Президенти муҳтарами мамлакат, ба Пешвои миллат ташаккур изҳор намоям. Аз номи худам ва аз номи миллионҳо пирону занону кӯдаконе, ки орому беташвиш, бе шунидани садои тиру таркиш зиндагӣ доранд, сад ташаккур, ҳазор ташаккур гӯям!
Чизе, ки аз сарам бигзашт, панд аст,
Маро оромии кишвар писанд аст.
Дар олам тоҷик акнун арҷманд аст,
Ба мисли Пешво қоматбаланд аст.
Бале, ин тамаллуқ нест, ташаккури самимона аст, ки аз таҳти дили пур аз миннатдорӣ изҳор мегардад. Тавре гуфтам, барои ман асос он аст, ки дигарон навиштаҳои манро бинанду хонанду донанд, сабақ бигиранд, ба қадри сулҳу оромии сарзаминамон бирасанд…Ва аз ин ҷомеаи мо манфиат бинад.
Ман ҳаққонӣ аз Президентамон ифтихор менамоям. Вақте симояшонро, махсусан ҳангоми сафарҳояшон ба хориҷа, дар байни дигар роҳбарони давлатҳо мебинам, вақте аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ суханрониҳояшонро мешунавам, ин барои ман хеле гуворо аст ва ифтихор менамоям, ки Президенти мо аз аксари онҳо ба куллӣ фарқ мекунанд ва аҷаб боварибахшу бомантиқ сухан мегӯянд!
Аз дигар тараф – ин ҳама чизе, ки ман навиштам ва гуфтам, сабақ аст. Ман мехоҳам ба ҳар касе, ки он рӯзҳоро надидааст, хотиррасон намоям, ки чӣ даҳшатеро аз сар гузарондем. Ва Худо дигар ба сари мо наорад он рӯзҳоро…Касе дар Ватан буд, азоб мекашид, вале дар ғарибӣ азобу уқубат даҳчанд зиёд буд.
Як гуреза дар суҳбате ба ман гуфт, ки чашмони бозингари як афғони ҳариси бангиро, ки ҷониби занҳои тоҷик бешармона менигарист, то мурдан аз хотир намебарорад.
Ман ҳам, ки он солҳо даҳшатҳои зиёдеро бо чашми худ дидаам, ҳеҷ гоҳ онҳоро аз хотир намебарорам. Онҳоро аз хотир намебарорам, баръакс – хотиррасон менамоям, то одамон сабақ бигиранд.
Ба ёд дорам, ки он вақт ҳар рӯз аз хонае овози гиря меомад, дар мошинҳо ҷасади мурдаҳоро меоварданду хона ба хона тақсим менамуданд. Касе саҳар аз хона мебаромад, бегоҳӣ баргаштанашро Худо медонист. Воҳимаҳо рӯз то рӯз афзун мешуданд. Овозҳо баланд ва овозаҳо даҳшатноктар мегаштанд.
Даргириҳо чунон даҳшатнок буданд, ки мурдаҳо се-чор рӯз дар кӯчаҳо зери офтоб мемонданд ва касе ғайрат намекард, ки онҳоро соҳибӣ намояд. Одам он вақт қадр надошт, қонун набуд. Касе касеро дастгирӣ намуда наметавонист. Даҳшат. Бесарусомонӣ…
Тавре аз омори расмӣ бармеояд, дар панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зиёда 150 ҳазор кас кушта, беш аз 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон мондаанд. Ин ҷанг ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд ва рушди мамлакатро чанд даҳсола ба ақиб партофт.
Ин ҳамаро тасвир намудан номумкин аст, бо сухан душвор аст ифода намуд, ки одамон чӣ гуна руҳафтода буданд, ба якдигар бовар надоштанд, дар дилҳо ҷои меҳрро ғазаб гирифта буд, дар замири одамон ҷавҳари одамгарӣ намонда буд. Пардаи сиёҳе дилҳоро печонда, панҷаи вазнине гулӯҳоро буғӣ менамуд. Ҳамаи ин даҳшатнок аст, вале даҳшати вазнинтарину азоби аз ҳама сахттарин гуруснагӣ, бенонӣ будааст.
Ҳоло мо, шукри Худо, боз фаромӯш намудаем, ки бенонӣ чист…Вале он солҳо шахсан ман аввалин бор фаҳмидам, ки барои одамизод ягон чизе ҷои нонро иваз намуда наметавонистааст. Худат гурусна монӣ, ҳарчанд душвор аст, шояд тоқат мекунӣ, вале вақте кӯдакат «нон» — гуфта, гиря мекунад, гуруснагии худро фаромӯш мекунӣ ва дар талоши дарёфти нон мешавӣ. Ман нонталбиро дидам. Ман хеле сарҳои хамро дидаам, таҳқиру ба иззати нафси инсон расиданро шоҳид будам, гиряву фиғонро шунидаам барои нон.
Инро Сарвари ҷавони тоҷикон низ хуб дарк намуда будаанд. Ба имзо расидани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 ва аз 1 декабри соли 1997 барои тақсими 75 ҳазор гектар замин барои истифодаи аҳолии деҳот тадбири оҷилонаи хеле оқилона ва дурбинона буд. Бо дастури Сарвари давлат тақсим намудани замин ба деҳқонон воситаи асосии аз гуруснагӣ раҳо намудани мардум шуд. Мардум ин заминҳоро то ҳанӯз бо муҳаббат «Замини президентӣ» меноманд…
Ин ҳама баъди Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон шаку шубҳа дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ҳамчун ҳамоиши наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардид. Он ҳамвазни Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Дигар моҳияти муҳими ин иҷлосия дар он буд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба халқ ҳадя намуд ва ин шахс наҷотбахши миллат гардид. Таърих нақши шахсро дар ҷомеа на он қадар дуруст эътироф менамояд. Вале ҳолату вазъиятҳое вуҷуд доранд, ки як шахсият метавонад боиси наҷоти як ҷомеа гардад. Таърихи дунё инро бисёр дар хотир дорад. Дар вазъияти мамлакати мо ана ҳамин ҳолат рӯй дода буд он вақт, ин неруи пурқудрат, ки бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва ҷасорату матонат ороста шуда буд, тавонист вазъиятро пурра ба даст гирад. Ба ёд биёред, дар чанд соли соҳибистиқлолӣ то Эмомалӣ Раҳмон чанд роҳбари давлат иваз шуда буд, вале вазъият ором намеёфт.
Раванди Иҷлосияи ХVI, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, хушбахтона, ба таври мустақим дар телевизион намоиш дода мешуд. Ташаккур ба ташкилкунандагони ин амал! Ҳамин хел менамуд, ки касе, ки иҷлосияро аз телевизион тамошо мекард, иштирокчии он аст. Ин мардумро хеле ором намуд. Ва боз Сарвари нави давлатро мустақим ба доираи калони сокинони мамлакат муаррифӣ намуду мардум аз суханронии нахуст ба ӯ эътимоду эътиқод пайдо намуданд. Шахсан бо ман низ ҳамин ҳолат рўй дода буд.
Ман он вақт Иҷлосияи 16-ро пурра тамошо намуда будам. Хуб ба ёд дорам, ки ман ба ҳар лаҳзаи баргузории иҷлосия бо дили ларзон ва бо умеди бепоён нигоҳ мекардам. Худоро зери дил зораву илтиҷо менамудам, ки оқибат сулҳро дар мамлакати ҷангзада, азобкашида ва пур аз хуну хокистари мо барқарор намояд, миллатро аз вартаи нестӣ раҳо созад.
Ҳанӯз аз суханрониҳои нахустини Сарвари нави тоҷикон мардум эҳсос намуд, ки ин шахс дар ин вазъи душвору сангин на аз рӯи ҳавову ҳавас ва ҷилваву ҷавлон, балки воқеан ҳам ба нияти таҳким бахшидани сулҳу субот ва наҷоти миллату давлат соҳиби мансаби олӣ гардид . Ҳадафаш на як гурӯҳ, балки таҷассуми мақсаду манфиатҳои тамоми ҷомеа ва тамоми миллат аст. Вақт исбот намуд, ки ҳамин хел будааст.
Вале ин ҳама ҳанӯз анҷоми кор набуд. Муҳимтарин арзиши Иҷлосияи ХVI албатта, барқарор намудани сулҳу субот буд, ки ба он ноил шуд. Вале муборизаву ҷонфидоиҳои Ҳукумати навтаъсис акнун сар мешуд. Он вақт Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод ва минбаъд дар раванди иҷрои вазифаи хеле душвору мураккаб — бунёди давлату давлатдорӣ акнун истеъдоди Худододи фитрӣ ва заковати инсонӣ бояд кумак менамуд, то ин роҳи душвору печида тай гардад.
Ба андешаи ғолиб, то баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз ва баъд аз он низ осон набуд аз варта раҳо намудани мамлакат, аз байни хуну хокистар ба по хезондани бинои афтодаи давлати тоҷикон ва ба ин рушду инкишоф ноил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба ҳама маълум аст, ки ин ҷангро ба сари мо таҳмил намуда буданд. Мақсади таҳмил ва ташкили ин ҷанг, пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо бор намудани фарҳангу андешаи бегона буд. Як дастаи хоинони миллат, ки зери ливои Ҳизби наҳзати исломӣ муттаҳид шуда, дар амал як ячейкаи террористони байналмиллалӣ буданд, ҳатто баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ, ки 27 июни соли 1997 доир шуд, давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба кӯшиши табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд. Қисме аз онҳо то имрӯз дастуру супоришҳои хоҷагони берунаи худро иҷро менамоянд.
Дар ин харобазор, дар як вазъияти камбизоатӣ ва бо шиками гуруснаи мардум ба танзим даровардани давлату давлатдорӣ неруи фавқулода ва ҳиссиёти сӯзони ватандӯстонаи Сарвари давлатро тақозо менамуд. Ҳаёти мо батадриҷ ба танзим даромад ва ободкориву бунёдкориҳо, рушду тараққиёт оғоз ёфт. Ҳарчанд мо ҷанги даҳшатнокро пушти сар намудем, таҳти сарварии ин абармарди таърихӣ тавонистем, ки дар муддати на он қадар дароз дар бисёр соҳаву ҷабҳаҳо аз дигар давлатҳо пеш гузарем.
Воқеан ҳамин хел аст. Сарвари мо зина ба зина давлатро ба пеш бурда, зиндагии шоистаи халқро таъмин ва мамлакатро ободу ором намуданд.
Баъди пурра барқарор шудани сулҳу субот ҷасорати дигари бузурги Сарвари мо- ин бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст. Дар бораи Роғун бисёр навиштаанд. Ин ҷо ман ба он тафсил намедиҳам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки бунёди ин неругоҳи бузург корнамоии Пешвои мо дар марзи номуси миллат, ҳифзи манфиати мардуми мо аст. Ин тадбире аст, ки фақат он метавонад рушди ояндаи иқтисоди миллии моро таъмин намояд ва обрӯву нуфузи мамлакати моро баланд бардорад.
Бунёди «Роғун» кори одиву осон набуд. Вақте мо мегӯем, ки «Роғун» бино ёфт», худ аз худ симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Бале, агар обрӯву нуфузи байналмиллалии Сарвари мо, меҳнату заҳмат ва азму иродаи қавии ин абармард намешуд, бунёди Неругоҳи «Роғун» номумкин мегардид. Вақте дар Конфронси байналмиллалӣ оид ба фурӯши неруи барқ байни давлатҳои Осиёи марказӣ ва Ҷанубӣ, ки моҳи октябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, Пешвои миллат иброз намуда буданд, ки мо тасмим гирифтаем, ки аз соли 2007 сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро худамон, бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шуруъ намоем ва вусъат бахшем, ба ин бисёриҳо бовар накарданд. Воқеан, ҳам дар назари аввал бе кумаки ягон давлати абарқудрат аз тарафи худи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани ин неругоҳи бузург имконнопазир менамуд. Шахсан шоҳид будам, ки бисёриҳо мегуфтанд:
– Иттиҳоди Шуравӣ бо ҷалби зиёда аз 400 корхонаи азим, таҷриба ва имконоти бузурги худ аз уҳдаи ин кор то ба охир набаромаду Тоҷикистон ният дорад, ки ин иншооти мураккаб ва гаронарзишро худаш созад!? Ин афсона аст!..
Вале имрӯз афсона ба ҳақиқат, ба ҳақиқати ширину гуворо табдил ёфтааст. Оқибат Роғун бино ёфт, ду агрегати он аллакай ба кор сар намуд ва барои иқтисодиёти милливу аҳолии мамлакат неруи барқ истеҳсол менамоянд. Ҳарчанд обанбори неругоҳ ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» то ин дам аллакай қариб 7 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол шудааст. Дар як шабонарӯз дар мамлакати мо то 45-50 миллион киловатт-соат барқ истеҳсол мегардад ва аз ин то 5-6 миллионаш ҳиссаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст. Барқи то имрӯз истеҳсолнамудаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» зиёда аз 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки барои идомаи бунёди неругоҳ сарф мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст. Бояд гуфт, ки дар ҷодаи бунёди «Роғун» инак ними роҳ тай шуд. Давоми роҳ низ одиву осон нест, вале иҷрошаванда аст. Ин ҳама аллакай нишонаи амалӣ шудани сиёсати оқилонаи энергетикии Президенти Тоҷикистон аст.
Тавре аз таҳлили нишондиҳандаҳои соли 2022 бармеояд, бо вуҷуди дар тамоми олам шиддат гирифтани таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани силсилаи доду гирифтҳо ва коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот, боло рафтани нарху навои махсулоти ғизоӣ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз соли 2018 сар карда, то соли 2022 даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонӣ ба 87 миллиард сомонӣ расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.
Яке аз соҳаҳои муҳим дар ҳамаи давру замон дар тамоми мамолики олам соҳаи маориф аст. Он барои рушди ояндаи миллат зарур аст. Ман намегӯям, ки дар ин соҳаи муҳим дар давлати мо вазъият пурра қаноатбахш аст. Вале дар мамлакат соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021 707 миллион сомонӣ ё 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ, албатта, баъди хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Барои муқоиса: дар 70 соли замони healthandage.com Тоҷикистон ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Дар мамлакати мо дар панҷ соли охир 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, танҳо дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат ду баробар афзуда, то ба 10 миллион нафар расид. Яъне, аксари проблемаҳои иҷтимоӣ дар мамлакат ду баробар зиёд шуданд. Аз ин сабаб ҳам дар панҷ соли охир ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил дод.
Аз соли 2000 то соли 2022 ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ расид. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо гардида. Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандон имконият пайдо намуданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Аз рӯи ҳисобҳои оморӣ, дар 70 соли то замони соҳибистиқлолӣ бо ин мақсад ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд.
Чанде пеш як гурӯҳ журналистони узбек ба Тоҷикистон омада буданд. Яке аз онҳо Шоҳқаҳҳор Салимов, ки дар ҷавонӣ дар Душанбе мезистааст ва дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, изҳор намуд, ки барои тасвири ободии Душанбе сухан намеёбад. Ӯ изҳор намуд, ки ҳатто биноеро, ки дар он замоне таҳсил намудааст, ба зудӣ наёфтааст.
Дар ҳақиқат ободиву зебоии Душанбе имрӯз тасвирнопазир аст. Агар як даҳсола пеш мегуфтанд, ки Душанбе ба чунин шаҳри зебову муосир табдил меёбад, касе бовар намекард. Фақат кӯр намебинад, ки имрӯз Душанбеи мо ба чӣ гуна шаҳри зебову замонавие табдил ёфтааст ва ин раванд идома дорад.
Обрӯи шаҳри Душанбе имрӯз дар сатҳи олам хеле баланд аст. Аз рӯи назарсанҷии маҷаллаи сайёҳии «34 travel” дар асоси таҳқиқоти ширкати амрикоии «Mastercard», шаҳри Душанбе дар рейтинги шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор мақоми аввалро соҳиб шуд. Соли 2018 аз рӯи таҳлили Агентии «Тур Стат»-и Федератсияи Русия пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри барои рушди имконияти сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Дигар дастовард он аст, ки дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, пойтахти мамлакат ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) қабул гардид. Алҳол шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои сафар ва саёҳати виртуалӣ, ки дорои осорхонаю маконҳои тамошобоб ва орому бехавф аст, шомил буда, бо 18 шаҳри қитъаҳои Осиёву Аврупо ва Амрикову Африқо муносибату ҳамкории бародарона барқарор намудааст. Ҳамаи ин натиҷаи заҳматҳои ҷонфидоёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар баробари ин ҳама — бузургтарин дастоварде, ки мо дорем, ин оромии мамлакат аст. Дили мо ором аст, ки фарзанду набераҳоямонро, ки саҳар ба кор ё таҳсил мераванд, хатаре таҳдид наменамояд. Табиати мардуми мо аз азал меҳрубон аст, вале дар чанд соли зиндагии пурмоҷаро ва душвор хеле асабӣ ҳам шуда будем. Ҳоло бо шарофати ин оромӣ он меҳру меҳрубонӣ ба тинати мардуми мо баргаштааст. Боз мо якдигарро дӯст медорем, эҳтиром менамоем. Ба ин маънӣ аст, ки Президенти мо ҳар бегоҳ пеш аз барномаи «Ахбор» падарвор таъкид менамоянд: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ҳамин давлат кунед, шукронаи ҳамин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред…».
Дар боло гуфтем, ки дар солҳои истиқлол шумораи аҳолии мо ду баробар афзудааст. Вале ҳанӯзам мо камем, хеле кам! Бояд даст ба даст бошем, дар атрофи Президентамон, ки онро Худо ба мо додааст, муттаҳид бошем, ба ин абармард бештар бовар созем, зеро Президенти мо зиндагии орому шоистаи моро кафолат медиҳанд.
Агар ҳоло вазъи зиндагии мо хуб аст, ин самараи ваҳдати мо аст, самараи меҳри самимии мо нисбат ба Президенти мо аст. Ин меҳр афзун шавад, зиндагии мо боз ҳам хубтар, ватани мо ободтар хоҳад шуд.
…Ҳеҷ вақт меҳрро ба диле на бо зӯрӣ ҷо карда мешавад ва на бо зўрӣ аз он дил гирифта. Меҳр дар дил бо гузашти солҳо дар заминаи амалу андешаҳои нек пайдо мешавад. Аз он ки миллатро наҷот додааст, аз он ки давлатро аз вартаи нестӣ раҳо намудааст, аз заҳмати шабонарӯзӣ ва бунёдкориҳояшон меҳри Пешвои миллат дар дили халқи тоҷик сахт ҷо шудааст. Ман мутмаинам, ки ин меҳр асрҳои аср аз дили халқ зудуда намегардад ва дар ҳофизаи таърих абадӣ боқӣ мемонад. Балки рӯз то рӯз меафзояд…
Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда