БА ТАМОШОИ ОСОРХОНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БИЁЕД! Китоби «Тоҷикон» беҳтарин мерос ба насли имрӯзу оянда аст
ДУШАНБЕ, 18.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров аз се бахш — «Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров», «Таблиғоти мероси академик» ва «Китобхонаи электронӣ» иборат буда, дар он нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро фаро мегиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан иттилоъ додем, 14 ноябри соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ин осорхона маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад. Дар осорхона гӯшаҳое, чун «Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров», «Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор», «Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров» ва дигар бахшҳо ҷой дода шудаанд.
Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби «Тоҷикон» бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадимӣ, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки дар китоби «Тоҷикон» бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд, ҷой дода шудаанд.

Гӯшаи «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»-и осорхона оид ба қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби Сарвари давлат ва дигар иқдому ташаббусҳои муҳиме, ки барои зиндаву ҷовид мондани номи академик анҷом дода шудаанд, маълумот медиҳад.
Дар осорхона ҳамчунин сару либос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар ин баробар нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Пас аз навсозиву таъмир ифтитоҳ гардидани ин иншоот, бешубҳа, ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ намудани нигораҳои ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидати амиқ менамояд.
Осорхона бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ гардидаааст.
Бояд гуфт, ки корномаи илмии аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурарзиши илмии ӯ, хосатан китоби «Тоҷикон» беҳтарин мерос ва дарси сабақ ба насли имрӯзу оянда аст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабр дар Тоҷикистон 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар мамлакат баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили нишасту ҳамоишҳо, нашри китобу мақола вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва нақши китоби «Тоҷикон» дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» гузаронида шуд. Озмун соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.Дар озмун соли равон довталабони зиёде иштирок намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати илму адабпарвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст






