БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар панҷ деҳаи ноҳияи Балҷувон мактаби нав месозанд

Ноябрь 18, 2023 16:34

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ деҳаи ноҳияи Балҷувон мактаби нав месозанд. Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. 

Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар панҷ деҳаи ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла деҳаҳои Дара, Хуҷабулоқ, Деҳбул, Чорчашма ва деҳаи Аспирингони ҷамоати Сари Хосор, ки мактаб надоштанд, бунёди 5 муассисаи нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз дар ноҳияи Балҷувон 24 муассисаи таълимӣ пурра навсозӣ гардида, 8 муассисаи шакли нав бо тамоми лавозимоти хониш ба истифода дода шудааст.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон Муҳаммадшариф Нурзода гуфт, ки дар айни замон дар ноҳияи Балҷувон 48 муассисаи таълимӣ амал менамоянд, ки дар онҳо 7513 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 633 омӯзгор таълим медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2023 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд