БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ. Фардои дурахшони ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ба ҳуқуқшиносони ҷавон вобаста аст

Ноябрь 5, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо такя ба неруи ҷавонон ҳадафҳои бунёдкорона амалӣ шуданд. Таҷрибаи корҳои созандагиву бунёдкории ҷавонон дар ин даврон   нишон дод, ки ин неруи созанда дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ  менамояд ва дар раванди он саҳм мегузорад.  Таҳлилҳои пайваста собит намуданд, ки дар ҳақиқат ҷавонон неруи бузурги ҷисмонӣ ва сипари боэътимоди давлат мебошанд. 

Яке  аз ин гуна ҷавонон магистранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳайдарзода   мебошад, ки имрӯзҳо барои такмили ихтисоси худ, яъне ҳуқуқшиносӣ ҷаҳду талош менамояд. Дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин ҳуқуқшиноси ҷавон ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Ҳамчун ҳуқуқшиноси ҷавон доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- санади муҳим ва бахтномаи миллати тоҷик чӣ гуфта метавонед?

 Муҳаммад Ҳайдарзода:   Имрӯз мо дар остонаи таҷлили 29-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тавре медонем, баъди ба даст овардани Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи хешро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.  Ин  санади муҳими давлатӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона муаррифӣ намуд.     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол менамояд. Аз ин бармеояд, ки меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар меъёрҳои санадҳои миллӣ бартарият дорад. Агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ба конститутсия мутобиқат накунанд, он гоҳ онҳо аз лаҳзаи қабул шуданашон эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд.   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ ва ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эътироф намуда, амалишавии онҳоро кафолат додааст. Маҳз бо чунин меъёрҳои кафолатдода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни конститутсияҳои ҷаҳон яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланди ҳуқуқӣ гирифтааст ва ин ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

АМИТ «Ховар»: Оид ба шароиту имконияте, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷавонон ҷиҳати таҳсилу илмомӯзӣ ва фаъолият муҳайё шудаанд, чӣ назар доред?

Муҳаммад Ҳайдарзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    оид ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон сиёсатеро пеш гирифтааст, ки дар амалишавии тамоми кафолатҳои давлатӣ барои пешрафти ҳамаҷонибаи ҷавонон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ ҷавонони меҳанро мебояд дар ободии Ватани хеш саҳм гузоранд ва ба халқу миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона хизмат намоянд, зеро  дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷавонон мавқеи хосса дошта, ҳамеша дар саргаҳи муносибатҳои идоракунӣ қарор доранд.

Президенти мамлакат вобаста ба сатҳи маърифатнокии ҷавонон чунин иброз менамоянд: ”Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад”. Воқеан ҳам ҷавонон рисолати ояндасозӣ бар дӯш дошта, имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат аз онҳо вобастагии амиқ дорад. Фарди ҷавон агар созанда тарбия ёбад, пас меҳан рушдёбанда мегардад ва агар аз тарбияи комил дур монда, гумроҳ гардад, пас ҷомеа рӯ ба танназул мениҳад.  Аз ин хотир мо ҷавонон, бояд аз тамоми имконияти фарохамоварда самаранок истифода барем ва баҳри  пешрафти Ватани ободу осудаамон боз ҳам талоши бештар ба харҷ диҳем.

АМИТ «Ховар»: Ҳуқуқшинос яке аз касбҳои пурмасъулият мебошад. Андешаи интихоби ин касб  чӣ гуна пайдо шуд ва дар даврони таҳсил то куҷо ба моҳияти қонунҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳо  шинос гардидед?  

Муҳаммад Ҳайдарзода: Аз овони кӯдакиям орзуи ҳуқуқшинос шудан доштам.  Барои расидан ба мақсад баъди хатми МТМУ №45 ноҳияи Айнӣ соли 2017 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2021 аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудам. Ҳангоми таҳсил дар якчанд озмунҳои илмӣ ва чорабиниҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби зиёда аз 25   ифтихорнома, диплом, сертификат, сипоснома, шаҳодатнома, медал ва идрорпулии муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии давлатӣ гардидам. Аз ҷумла, ғолиби озмуни «Донишҷӯ — муҳаққиқи сол-2020», «Саҳми донишҷӯ дар пешрафти илму техника» дар соли 2021  ва монанди инҳо   гардидаам. Инчунин дар мусобиқаҳои варзишии дохил ва хориҷи мамлакат (шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд,  Душанбе, Тошканд ва Москва)  аз  намуди варзиши сабук (ниммарафон) иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштаам. Раванди таҳсил, омӯзишҳои пайваста ва дастгириҳои устодон сабаб гардид, ки ман донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, нозукиҳои ихтисоси интихобнамудаамро пурра омӯхтам. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2021-2022 бо хоҳиши худ дар дидбонгоҳи сарҳадии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтории Кӯҳистони Бадахшон хизмати ҳарбиро   ба итмом расонидам. Барои такмили ихтисосам соли 2022 ба магистратураи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳоло аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос таҳсил дорам.

 АМИТ «Ховар»: Аз муҳимтарин комёбие, ки соли 2023 ба он ноил гардидед- «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023»  ёдовар мегардидед.

Муҳаммад Ҳайдарзода: Ин озмун  дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия баргузор гардид. Озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон  аз рӯи бахшҳои илм, варзиш ва санъат баргузор гардида, дар китоби V байналмилалии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» нашр гардид.

Дар озмун ман зери роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети   ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода иштирок намуда, муваффақият ба даст овардам  ва бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» мукофотонида шудам.  Тавре иброз доштам,  дар ҳар дастоварди ман саҳми устодонам бениҳоят калон мебошад ва  ҳеҷ гоҳ хизматҳои шоёни онҳоро фаромӯш намесозам. Аз ин лиҳоз   бо арзи сипос ба кулли устодони факултети   ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ин дастоварди худ, яъне  ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» дар бахши илми ҳуқуқшиносиро   ба 30-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебахшам.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 5, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ. Андешаҳои иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар ин хусус
Директори идоракунӣ ва банақшагирии Девони вазирони Замбия Йенгве Какуса: «Мафтуни табиати зебою нотакрори Тоҷикистон гаштам»