БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ. Нақши онро дар таъмини ҳаёти дунявӣ Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ шарҳ медиҳад

Ноябрь 3, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир давлат институти асосӣ ба ҳисоб рафта, суботи сиёсию ҷамъиятӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд. Давлат дар масири таърих шаклҳои гуногунро аз сар гузаронида, дар замони мо ба сатҳу сифати нав ва мазмуни том такмил ёфтааст. Таҷрибаи марҳилаи навини давлатдории миллии халқи тоҷик баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ оғоз мегардад, ки даҳсолаи аввали он роҳи мураккабро паси сар намуд. Мушкилоти асосӣ, гарчанде хотима додан ба низои дохилии мамлакат буданд, муайян намудани низоми нави давлатдории миллӣ – идораи давлатӣ аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб мерафт. Чунин баёни андеша намудааст Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Амид Комилбек. 

Дар зер матни пурраи он манзур мешавад.

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсия вазъияти давлати тозабунёдро таҳлил намуда, иброз намуданд, ки «вазъи ноороми он рӯзҳо дар назди роҳбарияти нав интихобшудаи давлату ҳукумат ҳалли вазифаҳои тақдирсоз ва дар навбати аввал, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани сохтори конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу субот ва сарҷамъ намудани мардуми мамлакатро ба миён гузошта буд. Дигар масъалаи муҳимтарине, ки дар назди мо қарор дошт, ин ҳарчӣ зудтар таҳия ва қабул намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд». Дар идомаи суханронӣ Роҳбари давлат яке аз сабабҳои асосии низои дохилии давлати тозаистиқлолро «…мухолифати ду қувваи асосӣ – тарафдорони сохти дунявӣ ва ҷонибдорони бунёди давлати исломӣ доир ба масъалаи таъмини сарнавишти ояндаи мамлакат, яъне муайян намудани сохтори давлатдорӣ»  номиданд.

Бояд гуфт, ки раванди қабули Конститутсияи навин замоне ба амал омад, ки ҳаёти ҷомеа ба маҷрои нав ворид гардид, ки моҳияти онро на ҳамаи қишрҳои ҷомеа пурра дарк намуданд. Махсусан доир ба шакли нави давлатдории миллӣ, ки якчанд арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, аз қабили дунявият, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, шаклҳои гуногуни моликият, иқтисоди бозаргонӣ, соҳибкорӣ ва монанди инҳо касб намуд, ки хеле дарднок ва бо душворӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа қабул мегардид.

Яке аз роҳҳои интихобнамудаи Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ- ин шакли давлати дунявӣ буд, ки дар моддаи аввали Конститутсия дарҷ гардидааст.

Бунёди давлати дунявӣ аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Моҳияти давлати дунявӣ маънои онро надорад, ки давлат арзишҳои маънавиро дар ҷомеа сарфи назар менамояд, балки барои ҳамзистии динҳои гуногун дар мамлакат шароит фароҳам меорад.

Дар Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва сабақи талхи таърихӣ ҷудо намудани созмонҳои динӣ аз давлат дар Конститутсия ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Дар моддаи 8-и Конститутсия омадааст, ки «дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал менамоянд. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд».

«Ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ аз арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини умумибашарӣ мебошанд, ки дар Конститутсияи мо инъикос ёфтаанд. Озодии виҷдон дар мамлакат кафолат дода шудааст». Дар моддаи 26-и Конститутсия омадааст, ки «ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Чунин муносибат дар ҷомеа гуногунандешӣ, муколама, таҳаммулпазирӣ ва амсоли ин барин арзишҳоро таҳким бахшида, ба сифати қувваи бузург баҳри рушду инкишофи давлат истифода менамояд.

Чунин ақидаҳои бунёдӣ аҳамияти худро то давраи мо аз даст надода, шоистаи омӯзиш мебошанд. Маҳз тавассути хотираи таърихӣ худшиносии миллӣ бедор мегардад ва ба бунёди мафкураи миллӣ ва давлати миллӣ мусоидат менамояд. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи арзишҳои динӣ ва ормонҳои таърихии миллат мусоидат намуд. Ин аст, ки Пешвои миллат баҳри дуруст дарк намудани моҳияти дин ва баромадани ҷомеа аз хурофоти динӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ гиромидошти як зумра мутафаккирони бузурги халқи тоҷикро дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ таҷлил намуданд, ки баҳри бедории миллии ҷомеаи мо мусоидат менамуд. Эълон гардидан соли 2009 соли бузургдошти Имом Аъзам ва бунёду ба истифода додани масҷиди бузург дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аз сиёсати оқилонаи давлату ҳукумат дар роҳи таъмини ҳуқуқ ва озодии динӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳангоми мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор  намуданд, ки «фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии мо дар тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва давлати дунявии мо ба ин даврони таърихӣ ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат менамояд. Фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.

Эҳёи арзишҳои динӣ бо тамоми шаклҳои ба миллати мо хос  қисми таркибии эҳёи фарҳанг ва андешаи миллӣ буда, баҳри пойдорӣ, суботи сиёсӣ ва бақо мондани давлат хизмат менамояд. Бунёди давлати миллии тоҷикон дар шароити навин аз рӯйи ақлу хирад, дониш, тасаввурот ва таҳлили таҷрибаи амиқи таърихӣ, дидгоҳ ва арзёбии дурусти воқеияти зиндагии рӯзмарра, бо назардошти равандҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон бо фаъолияти шабонарӯзии Роҳбари давлат ба вуқуъ пайваста, зина ба зина амалӣ гардид.

Амид КОМИЛБЕК,
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 3, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон