Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2023 17:40

ВОСЕЪ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаҳои маркази ноҳияи Восеъ, деҳаву маҳаллаҳо ва назди ташкилоту корхонаҳо бо шиору овезаҳо оро дода шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ иброз гардид, ки «Парчам ифодагари иттиҳоди халқу миллатҳо буда,онҳоро ба ҳам қарину дӯст ва ҳамдилу ҳамроз менамояд. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун иди миллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯз мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ табрик намуда, иброз намуданд, ки Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории мо, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Бешак, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол  рамзи бахту саодат, сарсабзиву хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мебошад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «рамзҳои давлатии Тоҷикистон-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд».

Парчами давлатӣ тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ба ваҳдати миллӣ ва ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Дар фарҷом аҳли ҳунару фарҳанги ноҳия барномаи рангини суруду таронаҳои ватандӯстонаро манзури иштирокдорону меҳмонон гардониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд