Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024-2025 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Барномаи мазкур зимни мулоқоти директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев, ки дар шаҳри Боку баргузор шуд, имзо гардид.
Таъкид шуд, ки баимзорасонии ин барнома ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






