Байни кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид

Ноябрь 22, 2023 17:33

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ  дар  варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандону омӯзгорони донишгоҳ  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар оғози мусобиқаи варзишӣ роҳбарият, садорати факултетҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Мусобиқа аз 21 то 25 ноябр  дар варзишгоҳи донишгоҳ баргузор мегардад.

Иброз шуд, ки мақсади мусобиқа- тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни кормандону устодон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо, баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандону омӯзгорон, муайян намудани дастаи мунтахаби донишгоҳ ва иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.

Дастаҳои ғолиб бо маблағҳои пулӣ ва медалу дипломҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ мешаванд.

АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2023 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд