Байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасад

Ноябрь 24, 2023 14:51

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон вохӯрӣ анҷом доданд, ки зимни он ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тезонидани шуруи ҳамкорӣ барои ба имзо расонидани Ёддошти Тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баён доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ба густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад.

Ваколатдор доир ба самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, изҳор намуд, ки фаъолияти мақомот на танҳо дар руҳияи таъмини кафолати эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ифода меёбад, балки ҳамчунин дар густариши ҳамкории зич ва муфид бо якчанд  созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ амалӣ мешавад.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои мубрами самти  ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки бештари онҳо ба масъалаҳои таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳимояи ҳуқуқҳоии шахсони маъюб, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъалаҳо рабт доштанд.

Сафир баён дошт, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории минбаъда байни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони ҳарду ҷониб Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омода аст тамоми афзалияти ҳамкории муфиди тарафайнро баррасӣ намояд.

Иброз гардид, ки ҷиҳати тезонидани шуруи ҳамкории ду ҷониб ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зарурати ниҳоӣ дорад. Аз ин хотир пешниҳод шуд, ки пешнависи ин Ёддошти тафоҳум ба баррасии ҷонибҳо омода ва манзур шавад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд