Барандаи «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шукрона Тоҳирӣ: «Мехоҳам бо арзи сипосу миннатдорӣ дастоварди худро ба Президенти Тоҷикистон эҳдо намоям»

Ноябрь 16, 2023 17:04

ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо меҳру муҳаббати самимӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон мехоҳам ин дастовардро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намоям. Зеро баргузории ин озмун дар ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум, рў овардан ба мутолиа, алалхусус барои наврасону ҷавонон нақши бузург гузошта, такони чиддие дар роҳи донишандўзӣ гардид. Дар кадом давлати дунё дидаед, ки барои мутолиаи зиёди китоб, ки пеш аз ҳама барои худатон манфиатовар аст, Шуморо бо мукофоти пулӣ ва дигар имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ қадрдонӣ намоянд?! Чунин иброз дошт барандаи «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шукрона Тоҳирӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Шукрона Тоҳирӣ донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли сеюм аст, ки дар ин озмун иштирок намуда, донишу маҳорат месанҷад.

«Вақте ки соли гузашта дар саҳна барандаи «Шоҳҷоиза» Шаҳло Сайдалиеваро дидам, орзу намуда будам, ки дар ҷойи ӯ бошам. Воқеан, вақте шахс аз сидқи дил орзу менамояду барои амалӣ шудани он пайваста талош менамояд ва ба орзуяш мерасад»,-гуфт Шукрона.

Ӯ мегӯяд, маҳз ҳамин орзуҳои ширин ва мутолиаи пайваста буд, ки рӯи саҳна ҷоизаи пурифтихорро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.

«Пеш аз ҳама, миннатдории худро ба сарпарасти озмун- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Пешвои миллат бо таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявӣ инқилобе дар маънавиёти мардум -рў овардан ба илму дониш ва ҳунару санъат ба вуҷуд оварданд», -афзуд Шукрона.

Ба андешаи ӯ, имрӯзҳо таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон ба ин озмун бештар гардида, ҳар нафар раванди онро бо шавқи беандоза тамошо менамояд. Озмун имрӯз тавонист хурду бузургро муттаҳид созад.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат ҳамеша неруи хешро ба он равона месозанд, ки Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил гардад ва насли ояндаи он аз шахсони олиму донишманд иборат бошад. Чунки танҳо шахсони донишманд метавонанд барои пешрафти дилхоҳ давлат замина фароҳам оранд», -иброз дошт мавсуф.

Аз ин рӯ Шукрона Тоҳирӣ ба наврасону ҷавонон тавсия медиҳад, ки барои соҳибкасб шудан ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд.

«Миннатдории худро ба тамоми он нафароне, ки дар баргузории озмун саҳм доштанд, мерасонам. Инчунин ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ барои дастгириву роҳнамоӣ арзи сипос менамоям»,-афзуд Шукрона Тоҳирӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни имсола қариб 240 ҳазор довталаб иштирок намуда, дар даври ҷамъбастии он 121 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт