Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид, ки дар он 70 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ибтикор ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромада, дар онҳо тамоми қишрҳои ҷомеа иштирок намуда, малакаю маҳорати худро нишон медиҳанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба хотири ташаккул ва боло бурдани завқи этикию эстетикии сокинон, тақвияти маҳорату малакаи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару эҷодкор, ҳунарманд ва дар ин замина баланд бурдани сатҳи ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллию умумибашарӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони ахлоқӣ ва маънавии махсусан, наврасону ҷавонон баргузор гардида истодааст.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардида, барномаи фарҳангии ғолибони озмун анҷомбахши чорабинӣ гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд






