4852 нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4852 нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 2605 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1283 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 822 нафар донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 142 нафар омӯзгорон, ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), докторантони ҳабилитат ва унвонҷўён, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун ба ҳайси ғолиб ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.
Даври дуюми озмун аз рўйи 8 номинатсия нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.
Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2025 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ба маротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси самтҳои муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Бо мақсади боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 дар озмун номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 расонида шуд.
Инчунин бо дастури Сарвари давлат ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Ёдовар мешавем, ки озмуни имсола аз 8 номинатсия иборат аст:
– математика (арифметика, алгебра, геометрия);
– физика ва астрономия;
– химия;
– биология (ботаника, зоология, анатомия);
– география;
– технологияи иттилоотӣ;
– зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;
– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд
Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳномахонӣ» оғоз гардиданд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ноҳияи Варзоб даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






