«ЧАРОҒАФРӮЗИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Бахшида ба 100-солагии ходими намоёни давлатӣ ва собиқадори меҳнат Низорамо Зарифова конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии ходими сиёсию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамо Зарипова таҳти унвони «Чароғафрӯзи маърифат ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-адабӣ доир гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолзанон, аҳли хонаводаи Низорамо Зарипова ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Нахуст дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Низорамо Зарипова дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёддошт гузошт.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки Низорамо Зарипова умри наҷибу бобаракат, тамоми фаъолият ва заҳматҳои хешро сарфи некуаҳволӣ ва саодатмандии мардуми тоҷик, хизмати содиқонаву пуршараф ба Ватан ва миллати бостонии хеш намудааст. Ҳар давраи ҳаёти ӯ бо таърих ва тақдири Тоҷикистон вобаста аст, зеро Низорамо Зарипова аз ҳеҷ мушкилӣ ва роҳи пуршебу фарози зиндагӣ наҳаросида, талху шаҳди сарнавиштро бо рӯзгори миллати худ пайванд додааст, ки ин дарси ибрат барои занони тоҷик мебошад. Имрӯз ин зан, ин модар, ин отифаи зебои зиндагӣ ифтихори миллат аст.


Дар ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки Низорамо Зарипова дар вазифаҳои пурифтихори давлативу ҷамъиятӣ сарбаландона адои вазифа намуда, бо меҳнати ҳалолу кордониаш соҳиби иззату эҳтироми мардуми мамлакат гардидааст.
Гуфта шуд, ки Низорамо Зарипова аз минбарҳои баланд ҳар куҷое сухан менамуд, аз мавқеи зан, саҳми ӯ дар инкишофи илм, тандурустӣ, фарҳангу маориф, тарбияи наслҳо, пешрафту кашфиёт мегуфт, аз корномаҳои мардуми Тоҷикистон киссаҳо менамуд.
Ӯ ҳамеша бо одамон, занону кӯдакони гуногунмиллату гуногуннажод, гуногунзабону гуногунфарҳанг ҳамраъю ҳамдил буд. Зиндагинома ва маъхазҳои таърихӣ гувоҳи он мебошанд, ки Низорамо Зарипова на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон, балки бо ҷуръату кордонӣ ва самимияту меҳрубониҳояш дар давлатҳои бурунмарзӣ низ шуҳрату маҳбубияти хоссаро касб намудааст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти пурифтихори Низорамо Зарипова дар вазифаҳои давлатӣ ҳарф зада, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 100-солагии соҳибҷашн қироат намуд.
Дар навбати худ дигар иштирокдорони ҳамоиш низ аз кору пайкор ва фаъолияти меҳнатии Низорамо Зарифова қиссаҳои ҷолиб намуданд.
Баъди суханрониҳо номаҳои шодбошии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби намояндагони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба муаллимаи азиз тақдим гардиданд.
Арбоби намоёни давлативу ҷамъиятӣ Низорамо Зарипова зимни суханронӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, иштирокдоронро ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ ҳидоят намуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид






