ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО. Ҳабибулло Маҷидов ва Хайрулло Назриев дар Абузабӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд

Ноябрь 2, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати  ҷаҳонӣ оид ба гӯштини  ҷудо байни собиқадорон шуруъ гардид, ки то 3  ноябр идома меёбад. Дар мусобиқа 1011 варзишгар  аз  68 давлати ҷаҳон  иштирок  доранд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд  21 паҳлавон байни мардон намояндагӣ доранд. Дар рӯзи аввал — 31 октябр ду паҳлавони  тоҷик — Ҳабибулло Маҷидов ва Хайрулло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Ҳабибулло Маҷидов  дар   вазни то 81 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҳашик Лудвик аз Чехия зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Боуамра Бенаоудаи фаронсавӣ мағлуб шуд ва дар рақобат барои медали биринҷӣ ба муқобили ҷудочии амрикоӣ Ҷеймс Киндер  ғолиб гардид.

Хайрулло Назриев дар вазни ҷамъи 100 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Коппе Ҳендрики ҳолландӣ мағлуб гардида, дар рақобати тасаллобахш бар Умар Париси аз Аргентина зафар ёфт. Дар рақобат  барои медали биринҷӣ Хайрулло Назриев  ба муқобили Артур Абрамовскии украинӣ пирӯз гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 2, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад