Дар Душанбе ҷаласаи 6-уми зеркомиссияи минтақаҳои ҳамсояи Тоҷикистон- ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин баргузор шуд

Ноябрь 4, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 6-уми зеркомиссияи Тоҷикистон- ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён ва муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Сун Хунмей баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

 Фарҳод Восидиён иброз  намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду ҷумҳурӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду мамлакат пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Дар доираи ҷаласаи ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон аз ҷониби муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди “сабз”, кишоварзӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда иброз намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи зеркомиссия протокол ба имзо расонида шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд