Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир шуд

Ноябрь 23, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак бобати масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ иброз дошт, ки бо мақсади ба танзим дарованди раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат «Сратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул намуд, ки тамоми самтҳои муҳоҷирати дохилию хориҷиро фаро гирифтааст.

Стратегия маҷмуи мақсадҳо, самтҳо ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд. Бо  назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ он ба муайян намудани мушкилоти мубрами бақайдгирии вазъи муҳоҷират, роҳҳои рушди онҳо ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида, таҳия ва амалисози чорабиниҳои зарурӣ оид ба самтҳои мубрами стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро пешбинӣ менамояд.

Дар ҷаласа намояндагони тамоми сохторҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилоти байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, СБМ, ICMPD, GIZ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа доир ба таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шурои ҷамъиятӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониторинг ва арзёбии Стратегия изҳори андеша намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст