Дар Душанбе аввалин Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мешавад

Ноябрь 16, 2023 09:33

ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Душанбе аввалин Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак: дастовард ва масъалаҳои ҷойдошта» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум мавзуъҳои зерин, аз қабили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамкории мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои ҳамгироии кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида: намунаҳои мусбат ва масъалаҳои ҷойдошта, нақши комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, дастовардҳо ва мушкилиҳои комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи маҳал ва ғайра мавриди  баррасӣ қарор мегиранд.

Бояд гуфт, ки 25 ноябр ба санаи ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 16, 2023 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд