Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи милитсия паради ҳарбӣ баргузор гардид

Ноябрь 10, 2023 17:14

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбии кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик оид ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир изҳор доштанд, ки вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба изтиробу нигаронӣ овардаанд.

Бо назардошти ин Сарвари давлат дастур доданд, ки «дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳарбӣ, хусусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи амнияту оромии ҷомеа ва давлат, ҳимояи боэътимоди марзу буми Ватан, зиндагии осудаи сокинони мамлакат ва заҳмати ободгаронаи сокинони мамлакатро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ ба афсарону сарбозон   муроҷиат намуда, гуфтанд, ки «Афсарону сарбозони шуҷои Ватан! Шумо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо бо заҳмати зиёд, инчунин матонату шуҷоати ҳазорон нафар фарзандони содиқи Ватан ба даст омадааст. Ҳимояи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ба дӯши шумо гузошта шудааст. Иҷрои ин вазифаи муқаддас аз ҳисси баланди миллӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияту маҳорати касбии ҳар яки шумо ва муҳимтар аз ҳама, аз садоқати шумо ба халқ, Ватан ва давлати худ вобастагӣ дорад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2023 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид