Дар Душанбе бо вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Русия мулоқот доир гардид

Ноябрь 28, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Мачлиси конунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Русия  Людмила Бабушкина мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки  мулоқоти имрӯза рӯйдоди таърихӣ, далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мебошад.

Ин мулоқот тасдиқи таваҷҷуҳи вакилони парлумони Русия ба таҳкими ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ менамоянд.  Дар сатҳи Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия муколамаи мунтазам ва созанда амалӣ гардидааст, ки дар амиқтар шудани муносибатҳои дуҷониба саҳм мегузорад. Сарони ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқӣ, таъмиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши вижа бахшида, ба ҳамкории дуҷониба мақоми хоссаи шарикии стратегӣ додаанд.

Гуфта шуд, ки бо назардошти аҳамияти таҳкими равобити дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ояндадори ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, ки шарики стратегии мо аст, Парлумони мамлакат, бахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад.

«Дар байни парламентҳои мо гурӯҳҳои дӯстию ҳамкорӣ амал менамоянд. Давоми се соли даъвати ҳозира вакилони мо аллакай якчанд маротиба ба Федератсияи Русия ва вакилони Думаи давлатӣ ба мамлакати мо сафар намудаанд»,- гуфт дар фарҷоми мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид