Дар Душанбе бо вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Мачлиси конунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Русия Людмила Бабушкина мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки мулоқоти имрӯза рӯйдоди таърихӣ, далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мебошад.
Ин мулоқот тасдиқи таваҷҷуҳи вакилони парлумони Русия ба таҳкими ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ менамоянд. Дар сатҳи Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия муколамаи мунтазам ва созанда амалӣ гардидааст, ки дар амиқтар шудани муносибатҳои дуҷониба саҳм мегузорад. Сарони ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқӣ, таъмиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши вижа бахшида, ба ҳамкории дуҷониба мақоми хоссаи шарикии стратегӣ додаанд.
Гуфта шуд, ки бо назардошти аҳамияти таҳкими равобити дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ояндадори ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, ки шарики стратегии мо аст, Парлумони мамлакат, бахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад.
«Дар байни парламентҳои мо гурӯҳҳои дӯстию ҳамкорӣ амал менамоянд. Давоми се соли даъвати ҳозира вакилони мо аллакай якчанд маротиба ба Федератсияи Русия ва вакилони Думаи давлатӣ ба мамлакати мо сафар намудаанд»,- гуфт дар фарҷоми мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст






