Дар Душанбе протоколи ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Туркманистон пртоколи ҷаласаи 12-уми Комиссия аз ҷониби ҳамраисони ҷаласа ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамраисии ҷониби Тоҷикистонро муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва ҷониби Туркманистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ба уҳда доранд.
Тавре қаблан хабар додем, ҷаласа 27 ноябр оғоз гардида, зимни ифтитоҳи он таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият байни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Дар ҷараёни кори Комиссия ду ҷониб оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи ёздаҳум, ки 9-10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод доир гардида буд, табодули назар намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни кори Комиссия тарафҳо роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро дарёфт ва масъалаҳои зерин, чун пешравӣ дар татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон давоми солҳои 2022-2023, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркманистон, беҳтаргардонии вазъи экологӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳавзаи Баҳри Арал, ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт, саноат, маориф, варзиш ва ҷавонон, тандурустӣ, амнияти озуқавориро баррасӣ менамоянд.
Бояд гуфт, давоми соли сипаригардида ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Туркманистон 52,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2021 ба андозаи 30,7 млн доллар ё 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи гардиши мол бо Туркманистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,7 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 16-ум қарор дорад. Содироти мол ба Туркманистон аз Тоҷикистон дар ин давра 0,8 миллион доллар ва воридот аз Туркманистон 52,1 миллион долларро ташкил дод. Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ҳаҷми гардиши мутақобилаи савдои хориҷӣ бо Туркманистон 36,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






